Эътирози Меркел ба Убомо дар бораи 'шунуди телефуни шахсӣ'

  • 24 Октябр, 2013

Дар пайи интишори гузоришҳое дар бораи эҳтимоли ҷосусии Омрико аз телефуни ҳамроҳи садри аъзами Олмон, Онгело Меркел ба Борок Убомо телефун карда ва ба ӯ дар ин бора эътироз кардааст.

Сухангӯйи садри аъзами Олмон гуфтааст, ки хонуми Меркел "чунин рафторҳоеро комилан ғайриқобили қабул медонад."

Дар сӯйи дигар, Кохи Сафед мегӯяд раиси ҷумҳурии Омрико ба Онгело Меркел итминон дода, ки Омрико муколимоти ӯро шунуд намекунад.

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, рӯзи чаҳоршанбеи 23 октябр гуфт: "Иёлоти Муттаҳида иртиботи садри аъзами Олмонро шунуд намекунад ва нахоҳад кард."

Бо ин ҳол, ӯ тасреҳ накард, ки оё Омрико дар гузашта телефуни ҳамроҳи хонуми Меркелро шунуд кардааст ё на.

Дар ҳафтаҳои гузашта баҳсҳо дар бораи амалиёти шунуд ва ҷосусии Омрико аз кишварҳои урупоӣ боло гирифтааст.

Асноде, ки Эдворд Иснувден, таҳлилгари собиқи иттилоъотӣ дар СИО мунташир карда, ҷузъиёти фаровоне дар бораи амалиёти гучстардаи ҷосусӣ ва назорати электруникии давлати Иёлоти Муттаҳида ба даст додааст.

"Нақзи эътимод"

Image caption Раиси ҷумҳури Бразил сафар ба Вошингтунро ба хотири гузоришҳо дар бораи ҷосусии Омрико лағв кард

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфтааст, ки Вошингтун дар ҳоли баррасии нигарониҳои Олмон, Фаронса ва дигар муттаҳидони урупоӣ дар бораи амалиёти ҷосусии Омрико аст.

Давлати Олмон дар баёнияе хостори "тавзеҳи фаврӣ ва ҷомеъи" Вошингтун дар бораи ин "нақзи ҷиддии эътимоди" байни ду кишвар шудааст.

Ин баёнияи давлати Олмон пас аз муколимаи телефунии раҳбарони ду кишвар содир шудааст.

Ин баёния ҳамчунин мегӯяд садри аъзами Олмон ба раиси ҷумҳурии Омрико гуфтааст "фавран бояд ҷилави чунин иқдомотеро бигирад."

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Берлин мегӯяд аз он ҷо ки ин баёния пас аз муколима мунташир шуда, гумон меравад, ки Онгело Моркел аз суҳбатҳои Борок Убомо қонеъ нашудааст.

Хонуми Меркел дар Олмони Шарқӣ бузург шудааст, ки шунуди телефунӣ дар он фарогир буд ва хотираи дардноке барои касоне зинда мекунад, ки он давраро таҷриба кардаанд.

Борок Убомо дар сафари моҳи июли худ ба Олмон ба Онгело Меркел итминон дода буд, ки Омрико аз шаҳрвандони олмонӣ ҷосусӣ накардааст.

Ҳамон замон садри аъзами Олмон бо интиқоди рақибони сиёсии худ рӯбарӯ шуд, ки ҳарфи Омрикоро роҳат бовар кардааст.

Нороҳатии Фаронса, Бразил ва Мекзик

Давлати Олмон мегӯяд эълом нахоҳад кард, ки чи тавр аз ин иддаъоҳо дар бораи шунуди иртибототи мақомоти олии ин кишвар тавассути Омрико хабардор шудааст.

Маҷаллаи олмонии Ишпигел, ки пештар ҳам гузоришҳое мубтанӣ бар иттилоъоти ба дастомада аз Эдворд Иснувден мунташир карда буд, мегӯяд дар ҷараёни таҳқиқоташ мутаваҷҷеҳи ҷосусии Омрико аз хонуми садри аъзам шудааст.

Тамоси телефунии Онгело Меркел бо Борок Убомо як рӯз пас аз он сурат гирифтааст, ки Ҷеймз Клепер, раиси созмони иттилоъоти милии Омрико гузоришҳо дар бораи ҷосусии Иёлоти Муттаҳида аз шаҳрвандони фаронсавиро такзиб кард.

Пеш аз он рӯзномаи фаронсавии Лумунд гузориш дода буд, ки Омрико танҳо дар як муҳлати сирӯза иттилоъоти 70-милюн тамоси телефуниро дар Фаронса сабт куарда буд.

Он чи Эдворд Иснувден дар бораи амалиёти ҷосусии Омрико дарз дода, ба асабонияти шуморе аз муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар сартосари ҷаҳон мунҷар шудааст.

Дилмо Русеф, раиси ҷумҳурии Бразил, пештар сафари худ ба Вошингтунро дар эътироз ба ҷосусии Созмони амнияти миллии Омрико дар кишвараш лағв карда буд.

Ӯ ҳамчунин дар нутқи худ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, тавҷеҳҳое матраҳшуда аз сӯйи Омрико дар бораи ин ки шунуди иттилоъотӣ барои ҳифозат аз кишварҳо дар муқобили терурисм ва қочоқи маводди мухаддир ва дигар ҷароими созмонёфта буда, рад кард.

Давлати Мекзик ҳам гузоришҳо дар бораи ҷосусии Омрико аз имейлҳои руасои ҷумҳурии собиқ ва феълии ин кишвар эътироз карда ва онро "ғайриқобили қабул" хондааст.

Оқои Иснувден, ки авоили тобистони имсол ҷузъиёти амалиёти таҷассус ва назорати Омрико дар дохили ин кишвар ва хориҷ аз онро мунташир кард, бо паноҳандагии муваққати яксола феълан дар Русия аст.

Давлати Омрико талош кард монеъ аз азимати ӯ ба кишварҳои дигар шавад ва ҳамчунин аз Русия хост ӯро ба Омрико мустарад кунад. Маскав мувофиқат накардааст.

Матолиби муртабит