Дастгирии ҷосуси омрикоӣ дар Маскав

Расонаҳои Русия муддаъӣ шудаанд, ки Созмони иттилоъоти ин кишвар як маъмури Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (СИО) - ро дастгир кардаанд, ки дар садади истихдоми як маъмури рус будааст.
Созмони Иттилоъоти федероли Русия мегӯяд ин фардро баъд аз як шаби боздошт таҳвили мақомоти омрикоӣ додаанд. Ин созмон гуфта, ки "маъмурони зиддиҷосусӣ як маъмури СИО-ро, ки дар пӯшиши кордори савуми сафорати Омрико фаъъолият мекарда, дастгир кардаанд."
Русия ҳамакнун ин диплумоти омрикоиро ихроҷ кардааст.
Созмони иттилоъоти Русия гуфтааст, ки ин фард "дар замони дастгирӣ, таҷҳизоти фаннӣ, маболиғи қобили таваҷҷуҳе пул, васоили тағйири қиёфа ва дастуруламали мактуб ҳамроҳ доштааст. Ин дастуруламал барои як шаҳрванди Русия буда, ки ӯ қасди истихдомашро доштааст."
Банобар гузоришҳо ин фард Роён Фугл ном дорад. Аксҳое, ки аз замони дастгирӣ ва боздошти оқои Фугл дар расонаҳои русӣ мунташир шуда, ӯро дар ҳоле нишон медиҳад, ки дастҳояшро аз пушт бастаанд ва ӯро рӯйи замин хобондаанд.
Дар аксе дигар он чӣ ки иддаъо шуда ҳамроҳи ӯ буда дида мешавад: маболиғи қобили таваҷҷуҳи пул ба сурати искиносҳои панҷсадюруӣ, ду кулоҳи гис, ки яке аз онҳоро дар замони дастгирӣ ба сар дошта, қутбнамо, чоқу, нақша, айнаки офтобӣ ва мубойл.
Вазорати хориҷаи Русия Мойкл Макфол, сафири Омрико дар Маскавро эҳзор кардааст, аммо сафорати Омрико то кунун дар бораи ин гузоришҳо изҳори назар накардааст.
Русия ва Омрико ахиран ва баъди бумбгузорӣ дар Моротуни Бустун эълом карданд, ки алоқаманд ба афзоиши ҳамкориҳои амниятӣ ҳастанд.
Истив Рузенберг, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд: "Ин хабар дар замоне мунташир мешавад, ки Омрико ва Русия дар мавриди Сурия даргири диплумосии ҳассосе ҳастанд, бо ин ҳол ба назар намерасад, ин мавзуъ бар равобити ду кишвар таъсири манфӣ бигзорад."
"Ҳар ду кишвар медонанд бо поёни ҷанги сард ҷосусӣ хотима наёфта, ҳам ҷосусӣ иттифоқ меафтад ва ҳам ҷанҷол бар сари ҳуввияти ҷосусон."
"Созмони иттилоъоти федероли Русия муддаъӣ аст Омрико ахиран барои истихдоми маъмурони амниятии Русия чандин бор иқдом карда ва Русия ин иқдомотро аз наздик зери назар доштааст."
"Ин мавзуъ ҳомили паёми Русия барои Омрико аст: Бо вуҷуди диплумосӣ ва гуфтугӯҳои ахир барои ҳамкорӣ Маскав ҳанӯз наметавонад комилан ба Вошингтун эътимод кунад."
