Иттиҳодияи Урупо: Беэътимодӣ бар ҳамкориҳои иттилоъотии байни кишварҳо таъсири манфӣ дорад

Раҳбарони Иттиҳодияи Урупо дар нишасти худ дар Бруксел, пойтахти Белжик, бо судури баёнияе гуфтаанд, ки беэътимодӣ ба Омрико ба далели шунуди муколимот метавонад бар ҷанг алайҳи терурисм таъсир бигузорад.
Дар ин баёния, ки имрӯз (ҷумъаи 25 октябр) мунташир шуда, ҳамчунин гуфта шуда, ки беэътимодӣ ва адами итминон метавонад "бар ҳамкориҳои иттилоъотии байни кишварҳо таъсири манфӣ дошта бошад."
Аммо дар ин баёния таъкид шуда, ки равобити наздик бо Омрико барои кишварҳои Урупо ҳоизи аҳаммият аст.
Интишори ахборе мабнӣ бар шунуди муколимоти телефунии шаҳрвандони кишварҳои урупоӣ, аз ҷумла шунуди эҳтимолии телефуни ҳамроҳи Онгело Меркел, садри аъзами Олмон тавассути Созмони амнияти миллии Омрико бо вокунишҳое аз сӯйи кишварҳои урупоӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шуда, ки раҳбарони Иттиҳодияи Урупо муътақиданд, ки барқарории равобит бояд бар пояи эҳтиром ва эътимоди мутақобил бошад.
Раҳбарони Олмон ва Фаронса мегӯянд, ки мехоҳанд то поёни соли ҷории мелодӣ бо музокира бо Омрико дар мавриди ҷамъоварии иттилоъот ба тафоҳуме тоза бирасанд ва муқаррароти ҷадиде дар ин замина вазъ кунанд.
Онгело Меркел ҳам гуфтааст, ки Олмон ва Фаронса ба дунболи таърифи чорчӯби ҷадиде барои ҳамкориҳои иттилоъотӣ бо Омрико ҳастанд.
Хонуми Меркел гуфт, ки дар пайи идомаи ҳамкорӣ бо Омрикост, вале таъкид кард, ки ба ҷои узрхоҳии каломӣ хоҳони вокунише амалӣ аз сӯйи ин кишвар аст.
Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса, ҳам нисбат ба гузоришҳои мунташиршуда дар бораи шунуди муколимоти телефунии шаҳрвандони ин кишвар тавассути Омрико ибрози нигаронӣ кардааст.
