Олмон ва Фаронса дар пайи гуфтугӯ бо Омрико бар сари шунуди муколимот

Олмон ва Фаронса барои поён додан ба муноқишаи эҷодшуда бар сари ҷосусии диҷитоли Омрико аз атбоъи ин кишварҳо дар пайи гуфтугӯ бо Иёлоти Муттаҳида то поёни соли ҷорӣ ҳастанд.
Онгело Меркел, садри аъзами Олмон дар поёни нахустин рӯз аз иҷлоси Иттиҳодияи Урупо бо эъломи ин мавзӯъ таъкид кард, ки беэътимодии эҷодшуда бар сари ин мавзӯъ ҳамкории иттилоъотӣ бо Омрикоро мушкил кардааст.
Суханони хонуми Меркел дар пайи интишори гузоришҳое мабнӣ бар шунуди муколимоти телефуни ҳамроҳи ӯ ва милюнҳо шаҳрванди Фаронса ба василаи Созмони амнияти мллии Омрико, Эн-эс-эй, баён шуд.
Ин мавзӯъ бар нахустин рӯзи иҷлоси Иттиҳодияи Урупо дар Бруксел дар рӯзи панҷшанбе соя афканда буд.
Ба гуфтаи хонуми Меркел, Олмон ва Фаронса дар пайи таърифи чаҳорчӯби ҷадиде барои ҳамкории иттилоъотӣ бо Омрико ҳастанд.
Хонуми Меркел гуфт, ки дар пайи идомаи ҳамкорӣ бо Омрикост вале таъкид кард, ки ба ҷои узрхоҳии каломӣ хоҳони амали ин кишвар аст.
Ҳамзамон рӯзномаи Вошингтун ба нақл аз мақомҳои давлати Омрико, ки аз онҳо ном набурд, аз ҳушдори Иёлоти Муттаҳида ба сервисҳои иттилоъотии ғарбӣ дар бораи ифшои ҳамкориҳои дуҷониба хабар додааст.
Ба навиштаи ин рӯзнома ифшои мадорике, ки дар ихтиёри Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъотии Омрикост, метавонад завоёи пинҳони ҳамкории иттилоъотии кишварҳои мухталифро, ки баъзе аз онҳо дар зоҳир муттаҳиди Иёлоти Муттаиҳда нестанд, бо ин кишвар ошкор кунад.
Ин ҳамкориҳои дуҷониба шомили ҷосусӣ аз кишварҳое монанди Русия, Эрон ва Чин аст.
"Чаҳорчӯби ҷадид"
Хонуми Меркел дар кунфронси хабарии панҷшанбешаби худ гуфт, ки тағйироте муҳиме бояд дар ояндаи равобити кишвараш бо Омрико рух диҳад.
Онгело Меркел гуфт: "Ҳамаи талоши худро хоҳем кард, ки то поёни сол ба як тавофуқи муштарак дар бораи ҳамкории Созмонҳои иттилоъотии Олмон ва Омрико ва Фаронсаву Омрико бирасем ва чаҳорчӯбе барои ҳамкорӣ дошта бошем."
Ҳерман Ван Румпуй, раиси шӯрои Урупо дар як кунфронси хабарии ҷудогона гуфт раҳбарони Иттиҳодияи Урупо аз қасди Олмон ва Фаронса барои барқарории гуфтугӯҳои дуҷониба бар сари нигарониҳои иттилоъотӣ муталеъ шудаанд.
Ба гуфтаи оқои Ромпуй дигар кишварҳои ин иттиҳодия низ метавонанд ба ин ибтикор амал бипайванданд.
Ба гуфтаи оқои Ромпуй, гирдоварии иттилоъот барои мубориза бо терурисм ҳаётӣ аст, вале метавонад ба эътимоди дуҷониба латма бизанад.
Хонуми Меркел аз Омрико хостааст дар бораи гузоришҳои мунташиршуда аз амалиёти маҳрамонаи Омрико барои шунуди муколимоти телефунӣ ва диҷитол тавзеҳ диҳад.
Ӯ чаҳоршанбе дар тамос бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрикоро дар ҷраёни нигарониҳои худ қарор дод.
Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса низ нисбат ба гузоришҳои мунташиршуда дар бораи шунуди муколимоти телефунии шаҳрвандони ин кишвар ба василаи Омрико иброз нигаронӣ кардааст.
Аз сӯйи дигар матбуъоти итолиёӣ аз шунуди муколимоти телефунӣ ва интернетии шаҳрвандони ин кишвар ба василаи Омрико ва Бритониё хабар додаанд.
Иттилоъоти марбут ба амлиёти маҳрамонаи шунуди Иёлоти Муттаҳида ба василаи Эдворд Иснувден, паймонкори собиқи Созмони амнияти миллии Омрико шудааст.
Бар ин асос созмонҳои иттилоъотии Омрико ва Бритониё трофики интернетӣ се кобли зердарёиро шунуд кардаанд.
Рӯзномаи Гордиян низ аз шунуди муколимоти телефунии раҳбарони 35 кишвари ҷаҳон хабар додааст.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед бо худдорӣ аз вокуниш ба гузоришҳои ифшогаронаи ахир гукфтааст, ки гуфтугӯҳо дар ин бора ба конолҳои диплумотик маҳдуд мемонад.
