Тарҳи эҷоди масирҳои тозаи утубус ба Афғонистон

  • 13 Феврал, 2014

Вазорати нақлиёт ё таробарии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар соли ҷорӣ масирҳои тозаи мусофирбарӣ (бо утубус) аз Душанбе ба Кобул ва аз Қурғонтеппа ба Кундузи Афғонистон ифтитоҳ кунад.

Хайрулло Асозода, вазири таробарии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 13 феврал дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ин замина бо ҷониби Афғонистон тавофуқ ҳосил шуда ва 10 адад утубусҳои мудерн барои ҳаракат дар ин масирҳо омода шудаанд.

Оқои Асозода гуфт, ки байни Тоҷикистону Афғонистон дар заминаи иртибототи ҳавоӣ, заминӣ ё утумубилӣ ва ҳаракати тронзитӣ мувофиқатномаҳое имзо шуда ва миёни ин ду кишвар панҷ пули иртиботӣ барои ҳаракати васоили нақлия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи вазири таробарии Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳамлу нақли мусофирон аз тариқи утубус миёни шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон ва Бодканд, дар ҷануби Қирғизистон, ифтитоҳ шуда буд.

Аммо ба далели таниш дар марзи ду кишвар ҳаракати утубусҳо дар ин масир ахиран мутаваққиф шудаааст.