Инфиҷор дар Сурия беш аз сӣ кушта бар ҷой гузошт
Мақомҳои Cурия мегӯянд инфиҷори як худраве бумбгузоришуда дар рустое дар устони Ҳамо ҳадди ақал 34 кушта бар ҷой гузоштааст.
Инфиҷор дар рустои Ҳара беш аз 50 захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Мақомҳои Сурия ин инфиҷорро ба шӯришён нисбат додаанд.
Ин русто таҳти кунтрули нерӯҳои давлатӣ аст
СОНО, хабаргузори расмии Сурия, бо эъломи хабар тавзеъи бештаре дар мавриди ин инфиҷор надодааст.
Маркази ҳуқуқи башари Сурия, мустақар дар Бритониё, ки хушунатҳои Сурияро расад мекунад, гуфтааст, ки ҳадди ақал 37 нафар дар ин инфиҷор кушта шуаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ки омори талафот ба эҳтимоли қавӣ афзоиш хоҳад ёфт чун ҳоли теъдоде аз маҷрӯҳон вахим аст.
Дар ҷанги дохилии Сурия бакаррот аз худравҳои бумбгузоришуда истифода шудааст.
Дар ин ҷанг то кунун беш аз 160 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки наздик ба як севуми кушташудагонро шаҳрвандони ғайринизомӣ ташкил медиҳанд.
