Аввалин бритониёӣ ба ҷурми амалиёти теруристӣ дар Сурия маҳкум шуд
Image copyrightBBC World ServiceЯк марди 31 солаи аҳли Пуртмус дар Инглистон аввалини фард дар Бритониё шуд, ки ба ҷурми амалиёти терруристии муртабит бо ҷанги дохилии Сурия маҳкумияти қазоӣ ёфтааст.
Додгоҳе дар Бритониё Машудур Чудриро, ки ду фарзанд дорад, дар иртибот бо иттиҳоми омода кардани заминаи амалиёти терруристӣ муҷрим шинохтааст.
Дар додгоҳ гуфта шуд, ки ин фард ки барои ширкат дар як урдуи омӯзиши терруристӣ ба Сурия сафар карда буд, ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳи Гатвики Ландан боздошт шуд.
Чудрӣ дар додгоҳ гуфт, ки барои гурез аз мушкилоте, ки бо онҳо рӯбарӯ буда, қасди муҳоҷират доштааст.
Додситонӣ гуфт, ки Чудрӣ қасд дошта то дар ин урдугоҳи омӯзишӣ наҳваи истифода аз аслиҳаро фаро гирад ва аз он дар дунбол кардани аҳдофи сиёсӣ, мазҳабӣ ва ақидатӣ истифода кунад.
Додситонӣ афзуд, ки муттаҳам дар ин урдугоҳи омӯзишӣ дар мавриди орзуи худ барои "дастёбӣ ба шаҳодат" сухан гуфта буд.
Дар додгоҳ гуфта шуд, ки Чудрӣ рӯзи 8 октябри 2013 аз Бритониё хориҷ шуд ва ҳамроҳ бо чаҳор марди дигар аз шаҳри Пуртмус дар ҷануби Бритониё ба Туркия рафт.
Ӯ сипас ба Сурия сафар кард, аммо додситонӣ гуфт, ки аз фаъолиятҳои ӯ дар Сурия иттилоъоте надорад.
Чудрӣ дар бозгашт аз ин сафар боздошт шуд.
Додситонӣ гуфт, ки Чудрӣ ба таври мураттаб бо Искойп бо марди дигаре ба номи Ифтихор Ҷамон, ки қаблан ба Сурия сафар карда буд, иртибот барқарор мекардааст.
Дар додгоҳ гуфта шуд, ки оқои Ҷамон пештар аз тариқи Искойп бо Би-би-сӣ мусоҳиба ва иқрор карда буд, ки дар ҷанги Сурия ширкат доштааст.
Додситонӣ гуфт ки Чудрӣ дар ҳини тамосҳо аз оқои Ҷамон дар мавриди омӯзиши кор бо силоҳ ва хариди туфанг савол карда буд.
Гуфта шуда, ки Ифтихор Ҷамон дар ҷараёни даргириҳои Сурия кушта шудааст.
