Давлати Бритониё сиёсатҳои муқобала бо ифротгароиро бознигарӣ мекунад

  • 26 Май, 2013
Image caption Дар соли 2011 мелодӣ давлат буҷаеро, ки барои муқобала бо ифротгароӣ ихтисос дода шуда буд, коҳиш дод

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё кумитаи вижаеро маъмури баррасии истиротежиҳои давлат дар муқобала бо тундравӣ ва ифротгароиҳои ҷавонони мусалмон кардааст.

Ин кумита ба раёсати нахуствазир ва шомили вузарои кобина ва мақомоти амниятӣ хоҳад буд ва бар иттихози иқдомоте амалӣ, аз ҷумла ин ки чӣ гуна метавон бо руҳониюни тундрав бархурд кард, тамаркуз хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол Терезо Мей, вазири кишвари Бритониё ҳам гуфтааст, ки ҳазорон нафар ба таври билқувва дар маърази хатари ифротгароӣ қарор доранд.

Вазири кишвари Бритониё ҳамчунин гуфта, ки бо ташкили кумитаи вижа метавон дарёфт, ки оё барои муқобала бо тундравӣ ва ифротгароӣ дар кишвар ба имконоти ҷадиде ниёз аст ё хайр?

Хонуми Мей гуфта аст, ки "500 маъмури пулис" аз ҷумлаи нерӯҳои муқобала бо терурисм дар ҳоли кор бар рӯйи ин масаъла ҳастанд.

Дар соли 2011 мелодӣ давлат буҷаеро, ки барои муқобала бо ифротгароӣ ихтисос дода шуда буд, коҳиш дод.

Ду марди африқоитабори навмусулмон, ки ба қама ва сотур мусаллаҳ буданд, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба як сарбози артиши Бритониё дар наздикии сарбозхонае воқеъ дар Вулвич, дар ҷануби шарқи Ландан ҳамла карданд ва дар муқобили чашми обирон ӯро ба қатл расонданд.

Дар ҳоли ҳозир ин ду муҳоҷим, ки худ ҳадафи гулӯлаҳои пулис қарор гирифтанд, таҳти тадобири шадиди амниятӣ дар ду бемористон дар Ландан ба сар мебаранд ва гуфта шуда, ки дар шароити буҳронӣ қарор надоранд.

Пулис то кунун 6 мазнунро дар иртибот бо ин ҳамла дастгир кардааст .

Матолиби муртабит