Эҳтимоли теруристӣ будани ҳамла дар шарқи Ландан

Дар ҷараёни ҳамлаи ду муҳоҷим, ки ба корду ханҷар мусаллаҳ будаанд, як нафар дар шарқи Ландан кушта шудааст. Гуфта мешавад, ки муҳоҷимон дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои пулис маҷрӯҳ шудаанд.
Кумитаи изтирории кобинаи Бритониё ба даъвати вазири кишвар ташкили ҷаласа дода ва давлат дар ҳоли баррасии эҳтимоли теруристӣ будани ин ҳамла аст.
Дэвид Комерун, нахуствазири Бритониё, ки дар Фаронса ба сар мебарад, гуфт, ки нишонаҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки ин ҳамла теруристӣ будааст. Ӯ сафари худро ниматамом мегузорад ва имшаб ба Бритониё бозмегардад.
Вазири кишвари Бритониё ҳам гуфт, ки ин ҳамла "ҳамла ба тамоми мардуми Бритониё буд ва ҳамаи ҷавомеъ дар Бритониё онро маҳкум мекунанд."
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки маъмурони пулис ду мардро, ки бо корду ханҷар ба шахси дигаре дар хиёбоне Вулич дар шарқи Ландан ҳамла карда буданд, бо гулӯла заданд.
Ник Рейнзфурд, намояндаи ин минтақа дар порлумони Бритониё гуфтааст, ки шахсе, ки ҳамла алайҳи ӯ анҷом шуда, яке аз сарбозони пойгоҳи Вулич буда, аммо ин мавзӯъ ҳанӯз таъйид нашудааст.
Гузоришҳо ҳокист, ки муҳоҷимон ибтидо бо утумубил ба фарди мавриди назарашон задаанд ва сипас дар ҳоле ки "Аллаҳу акбар!" мегуфтанд, бо корду ханҷар ба ӯ ҳамла карданд ва талош карданд сари ӯро бибуранд.
Филме аз яке аз муҳоҷимон мунташир шуда, ки як корд ва як ханҷари хунин ба даст дорад ва хитоб ба роҳгузарон мегӯяд: "Маъзарат мехоҳам, ки занҳо маҷбур шуданд шоҳиди ин саҳна бошанд, аммо дар сарзамини мо занҳо маҷбуранд ин саҳнаро бубинанд. Мардум ҳаргиз амният нахоҳанд дошт. Давлататонро сарнагун кунед. Онҳо ба шумо эътиное надоранд."
Пулиси мусаллаҳ ҳудуди 20 дақиқе баъд аз ҳодиса ба маҳал расид, дар ҳоле ки муҳоҷимон ҳамон ҷо истода буданд ва талоше барои фирор накарданд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ба маҳзи расидани пулис муҳоҷимон аслиҳа ба даст ба сӯйи маъмурон ҳаракат карданд, аммо маъмурон фавран ба онҳо тирандозӣ ва онҳоро захмӣ карданд
Ҳоли яке аз муҳоҷимон, ки ба бемористон мунтақил шудаанд, вахим гузориш шудааст.
Пулиси оддии Ландан мусаллаҳ нест ва кумиссиюни мустақили назорат бар пулиси Бритониё дар ҳоли баррасии ҳодиса аст, то мутмаъин шавад, ки тирандозии маъмурон мутобиқи муқаррарот будааст.
