Оғози музокироти вузарои умури хориҷаи кишварҳои гурӯҳи 8 дар Ландан

Иҷлоси вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви гурӯҳи 8 дар Ландан оғоз шудааст.
Вузарои хориҷаи ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон дар хусуси буҳрони Куре, авзоъи Сурия ва ҳамчунин масъалаи хушунат алайҳи занон дар манотиқи ҷангӣ гуфтугӯ мекунанд.
Уилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё ва мизбони иҷлос гуфтааст, ки масъалаи таҳқиқоти ҳастаии Эрон низ дар дастури кори иҷлос хоҳад буд.
Дигар мавзуъоти дастури кори ин иҷлос авзоъи Сумолӣ, Бирма ва амнияти шабакаи интернет аст.
Гурӯҳи ҳашт кишвари санъатӣ шомили давлатҳои Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Жопун, Конодо ва Русия аст.
Жопун хостори ҳамбастагӣ ва мавзеъгирии муштарак дар хусуси буҳрони Куре аст. Куреи Шимолӣ, Куреи Ҷанубӣ, Жопун ва Омрикоро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид кардааст.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар мулоқот бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои омрикоии худ дар Ландан гуфтааст, ки Русия бо Омрико дар хусуси Куреи Шимолӣ ихтилофи назар надорад.
Бо ин ки Куреи Шимолӣ таҳдид ба ҳамлаи ҳастаии Куреи Шимолӣ кардааст, кишварҳои ғарбӣ мегӯянд он кишвар ҳанӯз тавони фаннии коҳиши ҳаҷми бумби ҳастаӣ барои ҷой додани он дар кулоҳаки як мушакро надорад.
Буҳрони Сурия
Бар хилофи масъалаи Куреи Шимолӣ дар хусус буҳрони Сурия ваҳдати назар вуҷуд надорад.
Ҳимояти Ғарб аз шӯришиёни мусаллаҳи Сурия ҳимояте ошкор будааст, аммо инак бузургтарин гурӯҳи мусаллаҳи шӯришӣ мавсум ба “Ҷабҳаи нусрат”, ки як гурӯҳи тундрави салафӣ аст, бо слзмони Алқоъида эъломи ҳамбастагӣ кардааст.
Уилём Ҳейг, ки дар гузашта ба мусаллаҳ кардани шӯришиёни сурӣ исрор дошт, инак гуфтааст, ки Бритониё мутаъаҳҳид ба ёфтани як роҳҳали сиёсӣ барои буҳрони Сурия аст.
Тахмин зада шудааст, ки аз оғози шӯришҳои Сурия дар баҳори соли 2011 беш аз 60 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Вузарои хориҷаи ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон дар хусуси иҷлоси номуваффақи гурӯҳи 5+1 бо Эрон дар Олмотӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.
