Ҳашт сарбози лубнонӣ дар наздикии марз бо Сурия кушта шуданд
Image copyrightfҲашт сарбози лубнонӣ дар даргирии мусаллаҳона бо аъзои Ҷабҳаи Аннусра ва дар ҷараёни юриши шӯришиёни сӯрӣ ба шаҳри Арсол дар наздикии марзи Лубнон бо Сурия кушта шуданд.
Оташи ин даргирӣ, рӯзи шанбеи 2 август ва пас аз он шӯълавар шуд, ки сарбозони лубнонӣ яке аз афроде, ки иддаъо мешавад вобаста ба Ҷабҳаи Аннусра астро боздошт карданд.
Рӯзи якшанбе низ табодули оташ дар Арсол, ки шаҳре умдатан суннинишин аст, идома ёфт.
Ба гуфтаи артиши Лубнон дар тӯли шаб набарди низомиён алайҳи афроди мусаллаҳ идома дошт. Артиш ҳамчунин мегӯяд, ки тайи ин набард муҳоҷимон бо хумпора Арсол ва манотиқи атрофи онро ҳадаф қарор медоданд.
Тибқи гузоришҳо дастикам ду ғайринизомӣ аз атбоъи Лубнон низ дар ҷараёни ин даргирӣ кушта шуданд.
Минтақаи марзии атрофи Арсол аз манотиқе аст, ки мухолифони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия барои рафтуомади афрод ва ворид кардани аслиҳа ба дохили Сурия аз он истифода мекунанд.
Шаҳри Арсол пеш аз ин ҳам борҳо шоҳиди даргирии байни низомиёни лубнонӣ ва афроди мусаллаҳе будааст, ки гуфта мешавад бо гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия муртабит ҳастанд.
Рӯзи шанбе пайкорҷӯёни сурӣ ба муддати кӯтоҳе як посгоҳи пулис дар шаҳри Арсолро ба тасарруфи худ дароварданд.
Яке аз сухангӯёни Ҷабҳаи Аннусра ба хабаргузории Руйтерз гуфт, ки онҳо хоҳони озодии Имод Ҷумъа, яке аз раҳбарони ин гурӯҳ ҳастанд, ки дар яке аз истҳои бозрасии воқеъ дар шаҳр боздошт шудааст.
Дар шаҳраки Арсол ва манотиқи атрофи он шумори қобили таваҷҷуҳе аз беҷошудагони сурӣ иқомат доранд ва дар моҳи март гузоришҳо аз ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия ба ҳадафҳо дар ин минтақа интишор ёфт.
Ҷабҳаи Аннусра, ки аз шохаҳои гурӯҳи тундрави Алқоъида аст, наздик ба ду сол аст, ки ҳамроҳ бо сойири гурӯҳҳои шӯришӣ дар Сурия алайҳи ҳукумати ин кишвар вориди амалиёти низомӣ шудаанд.
Лубнон бо ҷамъияте ҳудуди 5 миллиюн мизбони беш аз як миллиюн паноҳандаи сурӣ аст.
