Инфиҷор дар минтақаи шиъанишини Лубнон талафоте барҷой гузошт
Image copyrightAFPСоъоте пеш аз оғози муҳокимаи муттаҳамон ба терури Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон, вуқӯъи инфиҷор дар шарқи ин кишвар талафоте барҷой гузоштааст.
Рӯзи панҷшанбеи 26 дай (16 январ) манобеъи хабарии Лубнон гузориш карданд, ки як худрави бумбгузоришуда дар шаҳри Ҳермел, воқеъ дар минтақаи дараи Биқоъ, дар шарқи ин кишвар, мунфҷир шуд, ки дар натиҷаи он дастикам чаҳор нафар кушта ва шумори дигаре захмӣ шудаанд.
Бар асоси бархе гузоришҳо, ин инфиҷор дар баробари сохтмонҳои идории шаҳр ва дар соъоте рӯй дода, ки кормандон ба маҳалли кори худ мерафтанд.
Дараи Биқоъ аз манотиқи умдатан шиъанишини Лубнон аст, ки гурӯҳи шиъии Ҳизбуллоҳ бар онҳо тасаллут дорад.
Шаҳрдори Ҳермел дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии Алманор, вобаста ба Ҳизбуллоҳ, гуфтааст, ки ҳанӯз ҷузъиёти бештаре дар маврди ин инфиҷор дар даст надорад.
Пештар, яке аз шабакаҳои телевизиюнии маҳаллӣ гуфта буд, ки дастикам ду ҷасад дар маҳалли инфиҷор ёфт шудааст. Дар ин гузориш омада буд, ки эҳтимол дорад инфиҷори рӯзи паҷншанбе ношӣ аз амалиёти интиҳорӣ буда ва яке аз аҷсод ба омили ин ҳамла таъаллуқ доштааст.
Ин гузориш ҳанӯз аз сӯйи манобеъи расмии Лубнон таъйид нашудааст. Тасовири телевизиюнӣ хисорати густарда ба сохтмонҳои маҳалро нишон медиҳад.
Бумбгузории рӯзи панҷшанбе танҳо чанд соъат пеш аз оғози муҳокимаи муттаҳамин ба терури Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон, рӯй дод. Ин муҳокима дар додгоҳи Лоҳа, Ҳуланд, баргузор мешавад.
Дар моҳҳои ахир Лубнон шоҳиди даргирии мусаллаҳи тарафдорон ва мухолифони ҳукумати Сурия ва ҳамчунин чандин мавриди инфиҷор буда, ки бисёре аз нозирон онҳоро низ бо ҷанги дохилии Сурия муртабит донистаанд.
Гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки муттакӣ ба ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, дар ҷанги дохилии Сурия дахолат дорад ва аз нерӯҳои Башор Асад, раиси ҷумҳурӣ, ҳимоят мекунад, дар ҳоле ки бархе гурӯҳҳо ва шахсиятҳои суннии Лубнон ҳомии мухолифони ҳукумати Башор Асад ҳастанд.
Теъдоде аз инфиҷорҳои ахир дар манотиқи таҳти тасаллути Ҳизбуллоҳ рӯй дода ва сафорати Эрон дар Бейрут аз ҷумлаи ҳадафҳои ин ҳамалот будааст.
Чанд узви Ҳизбуллоҳ ҳам дар ин муддат терур шудаанд. Ҳизбуллоҳ гурӯҳҳои тундрави сунниро масъули ин ҳамалот дониста ва Арабистони Саъудиро ба ҳимояти молӣ аз онҳо муттаҳам кардааст.
Дар муқобил, манотиқи суннинишин ва шахсиятҳои суннии мухолифи ҳукумати Сурия низ ҳадафи ҳамла ва терур қарор доштаанд. Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия низ мутақобилан Ҳизбуллоҳ ва дигар гурӯҳҳои тарафдори ин ҳукуматро ба амалиёти хушунатомез алайҳи худ муттаҳам кардаанд.
Инфиҷори рӯзи панҷшанбе чанд соъат қабл аз он рӯй дод, ки додгоҳи расидагӣ ба терури Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон, дар соли 2005 кори худро оғоз кард.
Ин додгоҳи байналмилалӣ таҳти назари Созмони Милал баргузор шуда ва ба таври ғиёбӣ ба парвандаи чаҳор нафар ба иттиҳоми иртибот бо қатли Рафиқ Ҳарирӣ расидагӣ мекунад.
Рафиқ Ҳарирӣ аз шахсиятҳои мухолифи ҳузури Сурия дар Лубнон буд ва муттаҳамони ин парванда аз афроди вобаста ба Ҳизбуллоҳ муъаррифӣ шудаанд.
