Рӯҳонии суннии лубнонии тарафдори ҳукумати Сурия террур шуд

  • 12 Ноябр, 2013
афроди мусаллаҳ дар Таробулус
Image caption Таробулус маҳалли даргирии байни гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдор ва мухолифи ҳукумати Сурия будааст

Як рӯҳонии суннии лубнонии тарафдори ҳукумати Сурия террур шудааст.

Рӯзи сешанбе, 21 обон (12 ноябр) манобеъи пулиси Лубнон эълом карданд, ки афроди мусаллаҳи ношинос шайх Саъдуддин Ғия, рӯҳонии сунниро дар шаҳри Таробулус дар шимоли Лубнон ба зарби гулӯла ба қатл расондаанд.

Соъоте пештар шабакаи телевизиюнии Алъолам, мутааллиқ ба давлати Эрон гузориш карда буд, ки як рӯҳонии аршади Лубнон ҳадафи суиқасд қарор гирифта ва захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи пулиси Лубнон ин ҳодиса дар маркази Таробулус ва ҳангоме рӯй дод, ки Саъдуддин Ғия дар садади савор шудан ба утумубили худ буд.

Афроди мусаллаҳ, ки бар мутурсойклет савор буданд, бо наздик шудан ба ин утумубил бо шиллики як гулӯла ба сари шайх Ғия ӯро башиддат захмӣ карданд.

Тасовири мунташиршуда аз саҳнаи суиқасд пайкари хунолуди ӯро дар дохили утумубил нишон медиҳад.

Ин рӯҳонии 43-сола пас аз интиқол ба бемористон ҷони худро аз даст дод. Чанд моҳ пеш низи афроди ношинос норинҷакеро ба суи Саъдуддин Ғия партоб ва ӯро захмӣ карда буданд.

Таробулус дар хушунат

Image caption Раҳбари Амали исломии Лубнон инфиҷори пурталафоти Таробулус муртабит дониста шудааст

Саъдуддин Ғия аз аъзои гурӯҳи мавсум ба "Ҷабҳаи амали исломӣ" аз ташаккулҳои сиёсии Сурия ва узви эътилофи Ҳаштуми март буд, ки аз январи соли 2011 то марти соли ҷорӣ ҳукумати Лубнонро дар даст дошт.

Ӯ ҳамчунин аз ҳомиёни гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон буд.

Ҷабҳаи амали исломии Лубнон аз ҷумлаи гурӯҳҳое аст, ки аз онҳо барои ширкат дар нишастҳои байналмилалии мазҳабӣ дар Эрон даъват ба амал меояд. Ин гурӯҳ зимни ҳимоят аз ҳукумати Сурия бархурди ҳукумати Баҳрайн бо муътаризон дар он кишварро башиддат маҳкум мекунад.

Гуфта мешавад, ки шайх Ғия аз афроди наздик ба Ҳошим Минқора, раҳбари ин ҷабҳа буд, ки чаҳор рӯз пеш ба занни иртибот бо бумбгузориҳои тобистони соли ҷорӣ дар Таробулус боздошт шуд.

Дар инфиҷори ду бумб дар рӯзи 23 август дар Таробулус 42 нафар кушта шуданд. Дар он замон гуфта шуд, ки эҳтимол дорад ҳадафи аслии ин бумбгузорӣ як рӯҳонии суннии мухолифи ҷунбиши Ҳизбуллоҳ ва ҳукумати Сурия бошад.

Ҷамъияти Таробулуси Лубнон аз пайравони мазоҳиби мухталиф ташкил ёфта ва аз замони оғози ҷанги дохилии Сурия ин шаҳр маҳалли даргирии байни аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба алавиёни ҳомии Башор Асад, раиси ҷумҳурии алавимазҳаби Сурия ва сунниҳои тарафдори гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия будааст.

Пас аз вуқуъи ҳодисаи террури Шайх Ғия нафароти артиш ва пулис дар шаҳри Таробулус ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи хушунат дар вокуниш ба ин ҳодиса ба ҳолати омода бош даромаданд ва маҳалли террурро ба муҳосира дароварданд.

Матолиби муртабит