Дастикам 12 сарбози лубнонӣ дар даргириҳо дар шаҳри Сидон кушта шуданд

Гузоришҳо аз кушта шудани дастикам 12 сарбози артиши Лубнон дар даргирӣ бо пайкорҷӯёни суннӣ дар шаҳри Сидон ҳикоят дорад
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, ин даргириҳо рӯзи гузашта (якшанбеи 23 июн) пас аз он оғоз шуд, ки ҳомиёни яке аз рӯҳониюни тундрави суннии мухолифи Ҳизбуллоҳ ба номи Шайх Аҳмад Аласир ба як посгоҳи бозрасӣ тирандозӣ карданд.
Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ дар даргириҳои шаби гузашта нерӯҳои амниятӣ саъй доштанд ҳомиёни ин рӯҳониро ба муҳосира дароваранд.
Танишҳои фирқаӣ дар Лубнон аз замоне, ки ҷунбиши шиъаи Ҳизбуллоҳ ошкоро бо нерӯҳои давлати Сурия дар ҷанг алайҳи мухолифон ширкат карда, боло гирифтааст.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ партоби рокет ва шиллики мусалсал ба шаҳри Сидон, дар 40 килуметрии ҷануби Бейрут, боъиси ваҳшат ва изтироби сокинони маҳаллӣ шудааст.
Гузоришоти таъйиднашуда ҳокӣ аз маҷрӯҳ шудани дастикам 40 сарбоз дар ин даргириҳо аст.
Интихоботи порлумонӣ, ки қарор буд моҳи гузашта дар Лубнон баргузор шавад, ба далели нигаронии амниятӣ ва даргириҳо дар Сурия ба таъвиқ афтодааст.
