Инфиҷори ду рокет дар ҷануби Бейрут ҳадди ақал се маҷруҳ бар ҷой гузошт

Дар пайи шиллик шудани ду рокет ба ҷануби Бейрут ҳади ақал се нафар маҷруҳ шудаанд.
Ин ду рокет дар минтақае аз пойтахти Лубнон мунфаҷир шуда, ки таҳти кунтрули гуруҳи Ҳизбуллоҳ будааст.
Гузориш шудааст, ки яке аз рокетҳо дар як сохтмони маскунӣ мунфаҷир шуд ва рокети дигар дар як намоишгоҳи утумубил фуруд омад ва сабаби ҷароҳати теъдоде ва ҳамчунини хисороти молӣ шуд.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки рокетҳоро чӣ гуруҳе ва аз куҷо шиллик кардааст.
Як мақоми амниятии лубнонӣ гуфтааст, ки рокетҳо аз навъи Гроди сохти Русия будаанд.
Таниш дар минтақаи Ховари Миёна дар асари таҳаввулот дар ҷанги дохилии Сурия афзоиш ёфтааст.
Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон, дируз ба ҳомиёни худ ваъдаи пирузӣ дар Сурияро дода буд.
Ҳизбуллоҳи Лубнон аз давлати Башор Асад дар Сурия ҳимоят мекунад.
Гуфта мешавад, ки шуришиёни Сурия, ки мавриди ҳимояти Туркия, кишварҳои ғарбӣ ва бисёре аз ҳукуматҳои суннимазҳаби ҷаҳони араб ҳастанд, дар даргириҳои худ бо низомиёни артиши Сурия теъдоде аз шибҳнизомиёни Ҳизбуллоҳи ҳампаймон бо онҳоро низ аз пой даровардаанд.
