Муттаҳами бумбгузории сафорати Эрон дар Лубнон боздошт шуд

  • 1 Январ, 2014
Моҷид Алмоҷид

Мақомҳои Лубнон аз дастгирии Моҷид Алмоҷид, "амир" ё фармондеҳи саъудии гурӯҳи Абдуллоҳ Аззом хабар додаанд. Ин гурӯҳи ҷиҳодӣ масъулияти инфиҷорҳои муқобили сафорати Эрон дар Бейрутро пазируфта буд.

Фойиз Ғусн, вазири дифоъи Лубнон ба хабаргузории Фаронса гуфтааст Моҷид Алмоҷид, фармондеҳи саъудии гурдони Абдуллоҳ Аззом дар Бейрут таҳти ҳифозати нерӯҳои амниятии артиши Лубнон аст.

Шабакаи Алманор, мутаъаллиқ ба Ҳизбуллоҳи Лубнон гузориш дода, ки Моҷид Алмоҷид ахиран "боздошт" шудааст.

Мушаххас нест, ки оқои Моҷид чӣ замоне дастгир шудааст, аммо шабакаи Алманор гузориш дода, ки дар торихи 15 декабри 2013 ду ҳамла ба истҳои бозрасӣ дар шаҳри Сайдои Лубнон барои озодии ӯ сурат гирифтааст.

Сешанбе, 28 обон (19 ноябр) дар ду инфиҷори муқобили сафорати Эрон дар Лубнон 23 нафар, аз ҷумла ройзани фарҳангии Эрон дар Лубнон кушта шуд.

Ба гузориши сойти хабарии Тасним маҷлиси Эрон дар номае ба давлати Лубнон аз боздошти раҳбари гурӯҳи Абдуллоҳ Аззом ташаккур кардааст.

Абдуллоҳ Аззом як гурӯҳи ҷиҳодии суннии вобаста ба Алқоъида аст, ки ба гузориши вазорати умури хориҷаи Омрико дар соли 2009 ташкил шудааст. Ин гурӯҳ номи худро аз яке аз бунёнгузорони Алқоъида ва муршиди Усома бин Лодин гирифтааст.

Гурдони Абдуллоҳ Аззом таҳдид кардааст дар сурати идомаи ҳимояти Ҳизбуллоҳ аз ҳукумати Сурия ба ҳамалоти худ алайҳи шиъиён идома хоҳад дод. Ин гурдон ҳамчунин ҳушдор дода, ки ҳамалот дар Лубнон то замоне ки Эрон нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ накарда, идома хоҳад дошт.

Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон Арабистони Саъудиро ба даст доштан дар инфиҷори муқобили сафорати Эрон муттаҳам карда буд.

Ҳасан Насруллоҳ гуфта буд гурӯҳи Абдуллоҳ Аззом як "амири саъудӣ" дорад ва бо созмонҳои ҷосусии саъудӣ муртабит аст.

Матолиби муртабит