Ройзани фарҳангии Эрон дар Лубнон дар асари инфиҷор дар баробари сафоратхона кушта шуд

  • 19 Ноябр, 2013
Image caption Гуфта мешавад, ки Иброҳим Ансорӣ ҳангоми инфиҷорҳо дар наздикии ин маҳал ҳузур дошт

Инфиҷор дар баробари сафоратхонаи Эрон дар Бейрут ба кушта шудан ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломӣ ва беш аз бист тани дигар мунҷар шудааст.

Рӯзи сешанбеи 19 ноябр инфиҷорҳое дар баробари сафорати Ҷуимҳурии Исломӣ дар Бейрут, пойтахти Лубнон, рӯй дода ва чандин кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши манобеъи хабарии Эрон, Иброҳим Ансорӣ, ройзани фарҳангии сафорат, ки як фарди рӯҳонӣ буд, аз ҷумлаи кушташудагони ин инфиҷор аст, ва Ғазанфар Рукнободӣ, сафири Ҷумҳурии Исломӣ, дар гуфтугӯ бо Прес Ти-вӣ кушта шудани ройзани фарҳангиро таъйид кардааст.

Бархе манобеъ аз кушта шудани даҳ то понздаҳ тан дар ин воқиъа хабар додаанд, аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут ба нақл аз манобеъи вазорати беҳдошти Лубнон шумори кушташудагонро 23 нафар ва теъдоди захмиҳоро 146 нафар гузориш кардааст. Бархе манобеъи маҳаллӣ кушта шудани то бисту панҷ нафарро гузориш кардаанд.

Иллати ҳодиса ҳанӯз мушаххас нест, аммо хабаргузории Осушиэйтед пресс ба нақл аз манобеъи маҳаллӣ инфиҷори ду бумбро дар наздики вурудии сафоратхона хабар додааст.

Бар асоси ин гузориш, нахустин инфиҷор ношӣ аз ҳамлаи интиҳории як фарди мутурсавор буд, ки бумби ҳамроҳи худро дар баробари дарвозаи вурудии сафоратхона мунфаҷир кард.

Кӯтоҳмуддате пас аз он инфиҷори шадидтаре дар фосилаи каме аз ҳамин маҳал рӯй дод, ки ба назар мерасад ношӣ аз инфиҷори як утумубили бумбгузоришуда будааст.

Image caption Инфиҷор ба сохтмон осеб расондааст

Тасовири мунташиршуда аз маҳалли вуқӯъи ҳодиса ҳокӣ аз кушта ва захмӣ шудани чанд нафар ва оташ гирифтани теъдоде худравҳои поркшуда дар наздикии сафоратхона аст.

Дари вурудии сафоратхона низ аз ҷо канда шуда ва ба сохтмони сетабақаии сафоратхона ҳам осеб расидааст, аммо ба гуфтаи манобеъи сафоратхона ба ҳозирон дар дохили сафоратхона осебе нарасидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба шиддати инфиҷор ва хисороте, ки дар атрофи сафоратхона боқӣ гузошта, ҳокӣ аз он аст, ки сохтмони сафорат бо ҳадафи ҳифозат дар баробари чунин амалиёте сохта шудааст.

Бархе манобеъи хабарӣ гуфтаанд, ки ҳангоми вуқӯъи инфиҷор ройзани фарҳангии Эрон дар хориҷ аз сохтмони сафоратхона дар наздикии маҳалли вуқӯъи ҳодиса ҳузур дошт.

Сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар минтақаи умдатан шиъанишини ҷануби Бейрут воқеъ шуда, ки дар моҳҳои ахир шоҳиди инфиҷори худравҳои бумбгузоришуда ва ҳатто партоби мушак будааст.

Бархе аз гурӯҳҳои вобаста ба шӯришиёни мухолифи ҳукумати Сурия масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифта ва ангезаи худро талофии ҳузури шибҳенизомиёни Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳимоят аз нерӯҳои давлатии Сурия дониста буданд.

Эрон аз маъдуд ҳомиёни минтақаии ҳукумати Башор Асад аст ва мухолифони ҳукумати Сурия гуфтаанд, ки низомиёни ҷумҳурии Исломӣ дар канори нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар ҷанг алайҳи мухолифони мусаллаҳ ширкат доранд. Мақомоти эронӣ ин иттиҳомро такзиб кардаанд.

Матолиби муртабит