Инфиҷоре муҳиб ҷануби Бейрутро ларзонд

Инфиҷоре азим ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнонро ларзонд. Тасовири телевизиюнӣ худравҳоро дар ҳоли сӯхтан нишон медиҳад ва сутуне аз дуди сиёҳ бар болои минтақаи ҷанубии шаҳр дида мешавад.
Нерӯҳои имдодӣ ва оташнишонҳо барои хомӯш кардани оташ ва интиқоли захмиҳо дар талош ҳастанд.
Минтақаи Байрулъабид, ки дар он инфиҷор рух дода, яке аз манотиқи шиъанишини Лубнон ва яке аз маҳаллаҳои аслии таҳти кунтрули Ҳизбуллоҳ аст.
Ба гузориши телевизиюни Алманор , вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон, инфиҷори имрӯз ношӣ аз бумбгузорӣ дар худраве будааст, ки дар поркинге дар наздикии як маркази исломӣ порк шуда буд.
Инфиҷор дар маҳалле пурҷамъият рух дода, ки дар он теъдоде фурӯшгоҳ ва маркази харид ва як пумпи бензин қарор дорад.
Бинобар гузоришҳои аввалия понздаҳ нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки ҳоли як нафар аз онҳо вахим аст.
Ҳудуди се моҳ пеш ҳам ду рокет ба ҷануби Бейрут шиллик шуд, ки гуфта мешавад кори шӯришиёни Сурия будааст.
Шӯришиёни Сурия пеш аз ин Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба интиқом таҳдид карда буданд.
Гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар канори нерӯҳои давлати Башор Асад бо шӯришиёни Сурия дар ҷанг аст.
Нозирон мегӯянд, ки ихтилофи мавозеъи сунниҳо ва шиъиён дар бораи Сурия боъиси танишҳои ахир дар Лубнон шудааст.
