'Фармондеҳи аршади' Ҳизбуллоҳи Лубнон терур шуд

  • 4 Декабр, 2013
Image caption Дар иттилоъияе Ҳизбуллоҳ терури Ҳасон Аллақайс ба Исроил нисбат дода шудааст

Рӯзи чаҳоршанбеи 4 декабр гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар иттилоъияе эълом кард, ки Ҳасан Аллақис, аз аъзои аршади ин гурӯҳ, шомгоҳи гузашта дар наздикии Бейрут, пойтахти Лубнон, терур шудааст.

Дар ин иттилоъия, ки аз шабакаи телевизиюнии Алманор пахш шуд, омадааст, ки "соъати 24-и дишаб Ҳасан Аллақис, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҳангоми бозгашт ба хона дар муқобили манзилаш дар ҷануби Бейрут терур шуд."

Иттилоъияи Ҳизбуллоҳ аз Ҳасан Аллақис бо унвони "бародар ва фармондеҳи шаҳид" ном бурда ва гуфтааст, ки ӯ тамомии зиндагии худро сарфи "муқовимати шариф" кард ва падари яке аз кушташудагони "ҷанги тобистони 2006" будааст.

Ишораи ин иттилоъия даргирии нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ва артиши Исроил дар тобистони соли 2006 аст, ки бо ҳамалоти сангини артиши Исроил ба ҷануби Лубнон ва мушакбории Ҳизбуллоҳ ба сӯйи манотиқи шаҳрии Исроил ҳамроҳ буд.

Image caption Шибҳенизомиёни Ҳизбуллоҳ дар ҷанги Сурия ширкат дошта ва талафоте додаанд

Ин ҷанг, ки бо таафот ва хисороти сангин ба Лубнон ва талафоте барои Исроил ҳамроҳ буд, пас аз ҳудуди як моҳ бо барқарории оташбас хотима ёфт. Ҳизбуллоҳи Лубнон ва давлати Эрон натиҷаи ин ҷангро пирӯзии бузург барои Ҳизбуллоҳ донистанд.

Иттилоъияи Ҳизбуллоҳ ҳовии ҷузъиёте дар мавриди наҳваи кушта шудани Ҳасан Аллақис нест, аммо дар он омадааст, ки "душмани исроилӣ муттаҳами мустақим ва аслии ин ҳамлаи теруристӣ аст, зеро борҳо ба дунболи ба шаҳодат расондани бародари шаҳиди мо дар нуқоти мухталиф буд, ки дар онҳо ноком монд, аммо саранҷом ба мақсуд расид."

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор додааст, ки Исроил бояд масъулияти комили ин ҳамла " ва тамомии натоиҷ ва табаъоти" онро бар уҳда бигирад.

Ихтилофи дохилӣ бар сари ҷанги Сурия

Иқдоми Исроил дар терури раҳбарони гурӯҳҳои тундрави мухолифи ин кишвар, бахусус дар сарзаминҳои фаластинӣ, бидуни собиқа нест, ки дар бисёре маворид аз тариқи ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Дар айни ҳол, дар моҳҳои ахир Лубнон таҳти таъсири ҷанги дохилии Сурия шоҳиди даргирии байни гурӯҳҳои мусаллаҳи дохилӣ ва терури мақомот ва фаъъолони мувофиқ ва мухолифи ҳукумати Сурия буда, ки талафоте ҳам бар ҷой гузоштааст.

Image caption Ҷанги дохилии Сурия боъиси даргирии байни гурӯҳҳои лубнонӣ шудааст

Гурӯҳи шиъии Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки таҳти ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳукумати Сурия қарор дорад, расман ҳузури шибҳинизомиёни худ дар канори нерӯҳои давлатии Сурия дар ҷанг алайҳи мухолифон ва кушта шудани теъдоде аз ин шибҳенизомиёнро таъйид кардааст.

Ба гузориши расонаҳои хабарии Эрон, Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ, рӯзи гузашта гуфт, ки рӯзе фаро хоҳад расид, ки ҳамагон аз ин гурӯҳ ба хотири дахолат дар Сурия қадрдонӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамон ҳол, бархе гурӯҳҳо ва шахсиятҳои диниву сиёсии суннии Лубнон, ҳимояти худро аз мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, иброз дошта ва ҳимояти Эрон ва Ҳизбуллоҳ аз ҳукумати ӯро маҳкум кардаанд.

Ихтилофи фирқаӣ ва сиёсӣ бар сари ҷанги дохилии Сурия ба даргириҳои густардае низ бахусус дар шаҳри Таробулус, дар шимоли Лубнон, мунҷар шуда ва ҳамчунин ахиран манотиқи таҳти тасаллути Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Бейрут низ шоҳиди ҳамалоте буда, ки гурӯҳҳои суннии тундрав омили онҳо дониста шудаанд.

Матолиби муртабит