Урупо шохаи низомии Ҳизбуллоҳро дар феҳристи гурӯҳҳои терруристӣ гузошт

  • 22 Июл, 2013
Шибҳнизомиёни Ҳизбуллоҳ

Вузарои умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар ҷараёни нишасти имрӯз, душанбеи 22 июли худ дар Бруксел, пойтахти Белжик шохаи низомии Ҳизбуллоҳи Лубнонро дар феҳристи гурӯҳҳои терруристӣ қарор доданд.

Қарор додани Ҳизбуллоҳ дар ин феҳрист ба мувофиқати тамоми 28 узви Иттиҳодияи Урупо ниёз дошт.

Ин ба маънои он аст ки аз ин пас ирсоли пул ва ҳимояти молӣ аз кишварҳои урупоӣ ба мақсади Ҳизбуллоҳ ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Бар асоси ин тасмим ҳар гуна мулоқоте миёни диплумотҳои Иттиҳодияи Урупо ва аъзои шохаи низомии Ҳизбуллоҳ ҳам ғайриқонунӣ аст.

Бархе аз аъзои Иттиҳодияи Урупо пештар нисбат ба авоқиби чунин иқдоме ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буданд, ки қарор додани шохаи низомии ин гурӯҳ дар феҳристи гурӯҳҳои терруристӣ ба бесуботии бештар дар Лубнон доман хоҳад зад.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки яке аз мавзӯъоти мавриди баҳс дар байни кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ин буда, ки тамоюз қоил шудан байни шохаҳои низомӣ ва сиёсии ин гурӯҳ амре душвор аст.

Аҷзои аслӣ

Ҳизбуллоҳ созмони сиёсии қудратманде аст, ки бахше аз давлати Лубнон низ будааст.

Рӯзи ҷумъа давлати Лубнон аз Иттиҳодияи Урупо хост, ки Ҳизбуллоҳро терруристӣ эълом накунад, чаро ки ин гурӯҳи шибҳнизомӣ яке аз "аҷзои аслии ҷомеъаи Лубнон" аст.

Бо ин ҳама хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки нақши Ҳизбуллоҳ дар ҳимоят аз Башор Асад, раҳбари Сурия ва ҷанге ки дар ду суи марзи Сурия ва Лубнон ҷараён дорад, мавзеъи Иттиҳодияи Урупоро сахт кардааст.

Кишварҳое, ки аз иқдоми Иттиҳодияи Урупо ҳимоят мекунанд, мегӯянд шавоҳиди маҳкаме вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад Ҳизбуллоҳ дар бумбгузорӣ алайҳи ҷаҳонгардони исроилӣ дар Булғористон даст доштааст.

Матолиби муртабит