'Раҳбари гурӯҳи бумбгузори сафорати Эрон дар Бейрут даргузашт'

  • 4 Январ, 2014
Моҷид Алмоҷид
Image caption Моҷид Алмоҷид, ки дар феҳристи теруристҳои таҳти таъқиб қарор дошт, ахиран дар Бейрут дастгир шуда буд

Хабаргузории давлатии Лубнон аз марги Моҷид Алмоҷид, фармондеҳи гурдони Абдуллоҳ Аззом, аз гурӯҳҳои вобаста ба Алқоъида, ки дар Лубнон таҳти боздошт буд, хабар додааст.

Нерӯҳои амниятии Лубнон гуфтаанд, ки фармондеҳи гурдони Абдуллоҳ Аззом рӯзи шанбеи 4 январ дар бемористоне низомӣ дар Бейрут даргузашт.

Бар асоси ин гузориш, ӯ рӯзи гузашта ба далели норасоии куля (гурда) ба кумо (беҳушӣ) рафта буд.

Гурдони Абдуллоҳ Аззом масъулияти инфиҷорҳои муқобили сафорати Эрон дар Бейрутро, ки 19 ноябр (28 обон) рух дод, пазируфта буд.

Дар ҷараёни ин инфиҷорҳо 22 нафар, аз ҷумла ройзани фарҳангии Эрон дар Лубнон, кушта шуданд.

Марги Моҷид Алмоҷид дар ҳоле эълом шуда, ки рӯзи гузашта мақомоти лубнонӣ гуфтанд, ки бар асоси озмоишҳои "Ди-эн-эй" ҳувияти ӯ таъйид шудааст.

Моҷид Алмоҷид, ки дар феҳристи афроди таҳти таъқиб қарор дошт, ахиран дар Бейрут дастгир шуда буд.

Гурдони Абдуллоҳ Аззом, ки як гурӯҳи ҷиҳодии суннии вобаста ба Алқоъида аст, таҳти раҳбарии Моҷид Алмоҷид, табаъаи саъудӣ, қарор дошт ва дастикам ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ дар феҳристи Вазорати хориҷаи Омрико дар мавриди афроди муттаҳам ба иқдомоти теруристӣ қарор доранд.

Ин гурӯҳ худро ҳофизи мусалмонони суннӣ мехонад ва борҳо бо муқассир донистани гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар мавҷи қатлҳои сиёсӣ дар Лубнон, аз он чи султаи шиъиён бар ин кишвар мехонад, интиқод кардааст.

Матолиби муртабит