Хонаводаи мутаассиби лубнонӣ олати домодашонро буриданд
Расонаҳои лубнонӣ гузориш додаанд, ки хонаводаи як тозаарӯс, ки аз издивоҷи махфиёнаи духтарашон бо марде бо мазҳаби мутафовит хашмгин буданд, олати таносулии домоди худро буриданд.
Ин марди 39 солаи суннимазҳаб ду ҳафта пеш бо як духтари друзии 19 сола издивоҷ карда буд.
Гуфта шуда, ки хонаводаи арӯс ӯ ва ҳамсарашро таҳти унвони оштӣ барои меҳмонии шом даъват карда буданд.
Аммо вақте ин завҷ ба маҳали меҳмонӣ расиданд аъзои хонаводаи арӯс ба домод ҳамла карданд ва олати таносулии ӯро буриданд.
Танишҳои мазҳабӣ ва фирқаӣ солҳо аст, ки бар Лубнон соя андохтааст.
Бино ба гузоришҳо ин шахс дар дар бемористон бистарӣ шудааст.
Гузорише аз вазъияти ҳамсари ӯ ва ҳамчунин муҳоҷимон мунташир нашудааст.
