Шиллики рокет аз Лубнон ба Исроил ва вокуниш ба он бо оташи тӯпхона

Ду рокет аз ҷануби Лубнон ба шимоли Исроил партоб шуда ва артиши Исроил низ дар вокуниш минтақаеро, ки рокетҳо аз он шиллик шуда буданд, зери оташи тӯпхона гирифтааст.
Мақомоти ду тараф гуфтаанд, ки ин ҳамалот ҳеҷ талафоте ба бор наовардаанд.
Рокетҳои шилликшуда аз Лубнон дар наздикии шаҳри кӯчаки Кирёт Шмуно фуруд омадаанд. Мушаххас нест, ки чӣ гурӯҳе масъули ин ҳамла будааст.
Ба гуфтаи хабаргузории Фаронса теъдоди гулӯлаҳои тӯпи артиши Исроил дар посух ба ин ҳамла 20 адад будааст.
Ниҳоди нозири Созмони Милал дар марзи Лубнон ва Исроил ду тарафро ба хештандорӣ даъват кардааст.
Ҳудуди ду ҳафта пеш низ табодули оташи миёни сарбозони исроилӣ ва лубнонӣ дар минтақаи марзӣ гузориш шуда буд.
Соли 2006 ин минтақа шоҳиди ҷанги нерӯҳои исроилӣ ва Ҳизбуллоҳ Лубнон буд.
