Тирандозӣ миёни низомиёни Исроил ва Лубнон дар минтақаи марзӣ

  • 16 Декабр, 2013
марзи байни Исроил ва Лубнон
Image caption Даргириҳои пароканда дар марзи байни Исроил ва Лубнон камобеш аз 2006 оғоз шуд

Артиши Исроил мегӯяд, ки сарбозонаш пас аз кушта шудани яке аз ҳамқаторон тавассути як тактирандози артиши Лубнон ду сарбози Лубнонро дар навоҳии марзӣ бо гулӯла задаанд.

Яке аз сухангӯёни артиши Исроили гуфт, ки сарбозони исроилӣ пас аз мушоҳидаи "ҳаракоти машкук" тирандозӣ карданд.

Ҳанӯз ҳиҷ гузорише аз вазъияти ин ду сарбози лубнонӣ дар даст нест ва мақомоти Лубнон дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Аммо Исроил тактирандози Лубнонро масъули кушта шудани сарбози худ медонад.

Дар айни ҳол нерӯҳои Созмони Милали Муттаҳиди мустақар дар Лубнон аз ҳар ду тараф хостори хештандорӣ шуда ва гуфтаанд, ки тарафайн дар ин амр ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳодисаи тирандозӣ чанд соъат пас аз он рух дод, ки худрави як сарбози 31 солаи исроилӣ ҳадафи ҳудуди даҳ гулӯла аз суи нерӯҳои Лубнон қарор гирифт.

Даргирии марзии ахир ҷиддитарин ҳодиса аз навъи худ аз 2010 маҳсуб мешавад, ки дар он як сарбози исроилӣ ҳадафи тактирандозии артиши Лубнон қарор гирифт ва кушта шудани ӯ ба даргириҳои бештаре доман зад, ки мунҷар ба кушта шудани се сарбози лубнонӣ шуд .

Матолиби муртабит