Оғози муҳокимаи ғиёбии муттаҳамони террури нахуствазири пешини Лубнон
Image copyrightAFPРасидагии ғиёбӣ ба парвандаи муттаҳамони террури Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон оғоз шудааст.
9 сол пас аз террури Рафиқ Ҳарирӣ, нахусти вазири пешини Лубнон ва аз сиёсатмадорони мунтақиди Сурия, рӯзи панҷшанбе, 26 дай (16 январ), додгоҳи байналмилалии вижаи Лубнон мустақар дар Луҳаи Ҳуллонд, муҳокимаи чаҳор тан аз муттаҳамони ин парвандаро оғоз кард.
Ба гузориши хабаргузориҳои ғарбӣ Мустафо Бадруддин (35 сола), Салим Айёш (50 сола), Ҳусайн Анисӣ (39 сола) ва Асад Сабро (37 сола) муттаҳамони ин парванда узви ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, гурӯҳи шиъаи таҳти ҳимояти Эрон ва Сурия ҳастанд.
Хабаргузории эронии Тасним дар гузорише перомуни оғози муҳокимаи муттаҳамони парвандаи террури Рафиқ Ҳарирӣ гуфтааст Ҳусайни Анисӣ ва Асад Сабро аз маъмурони амниятии Лубнон буданд ва муттаҳам ҳастанд пас аз вуқуъи инфиҷор бо интишори як видиюи ҷаълӣ вонамуд карданд, ки гурӯҳе ба номи Ҷамоати аннаср ва алҷиҳод масъули ин террур будааст.
Муттаҳамони парванда дастгир нашудаанд ва расидагӣ ба парвандаи иттиҳомии онон ба таври ғиёбӣ сурат мегирад.
Муддати кӯтоҳе қабл аз оғози муҳокима як инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии як сохтмони давлатӣ дар шаҳри Ҳемел дар дарраи Биқоъ, ки аз марокизи қудрати Ҳизбуллоҳ аст, рух дод. Дар асари ин инфиҷор дастикам чаҳор нафар кушта ва теъдоди дигаре захмӣ шудаанд.
Соли гузашта додхости додситонии додгоҳ алайҳи Ҳабиби Меҳрӣ (48 сола) муттаҳами дигари ин парванда содир шуд, аммо замони расидагӣ ба парвандаи иттиҳомии ӯ мушаххас нест. Ин фард низ аз аъзои Ҳизбуллоҳ муъаррифӣ шудааст.
Террури Ҳарирӣ
Рӯзи 12 феврали соли 2005 инфиҷори шадиде дар Бейрут рӯй дод, ки дар асари он Рафиқ Ҳарирӣ ва бисту як нафари дигар кушта ва беш аз дувисту бист тани дигар захмӣ шуданд.
Дар он замон нерӯҳои низомӣ ва амниятии Сурия пас аз ҳудуди сӣ сол ҳамчунон дар Лубнон ҳузур доштанд, дар ҳоле ки бархе гурӯҳҳо ва сиёсатмадорони лубнонӣ аз ҷумла Рафиқ Ҳарирӣ, хостори хуруҷи онон буданд.
Инфиҷори Бейрут ба як ришта эътирозоти густарда алайҳи ҳузури низомии Сурия дар Лубнон анҷомид, ки ҳамроҳ бо фишори кишварҳои ғарбӣ давлати Сурияро ногузир кард чанд моҳ баъд нерӯҳои худро аз Лубнон хориҷ кунад.
Дар соли 2007 Шурои Амнияти Созмони Милал додгоҳи вижаи расидагӣ ба парвандаи террури Рафиқ Ҳаририро таъсис кард. Ин тасмим бо истиқболи сиёсатмадорон ва ташаккулҳои мухолифи Сурия мувоҷеҳ шуд, аммо гурӯҳҳои тарафдори Сурия бавижа Ҳизбуллоҳи Лубнон бо радди ҳамкорӣ бо ин додгоҳ муҳокимаи муттаҳамонро сиёсӣ хонд.
Ҳизбуллоҳ ҳар гуна иртиботе бо террури Рафиқ Ҳаририро такзиб карда ва дар муқобил гуфтааст, мадорике дар даст дорад, ки нишон медиҳад Исроил дар ин террур даст доштааст.
Ба гузориши хабаргузории Тасним Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид дорад, ки додгоҳи байналмилалӣ ба мадорики мавҷуд дар бораи иртиботи Исроил бо террури Ҳарирӣ тартиби асар надодааст.
Бо оғози муҳокима гурӯҳе аз тарафдорони Рафиқ Ҳарирӣ дар баробари маҳалли додгоҳ таҷаммуъ карданд ва хостори маҳкумияти муттаҳамон шуданд. Дар Бейрут низ тарафдорони Рафиқ Ҳарирӣ бо насби плокордҳо дар наздикии маҳалли террури ӯ аз додгоҳ хостанд "адолат"-ро иҷро кунад.
