Даргирии мусаллаҳона дар маҳаллаи суннинишини ҷануби Бейрут

  • 23 Март, 2014
Image copyrightAP
Image caption Бо вуруди артиши Лубнон ба маҳалла оромиш феълан барқарор шудааст

Даргирӣ миёни ду гурӯҳи суннимазҳаби ҳаводор ва мухолифи давлати Сурия дар атрофи истдиюми варзишии ҷануби Бейрут (Алмадинатурриёзияти) як кушта ва шуморе захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ба гузориши хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Бейрут даргирии мусаллаҳона аз соъати сеи бомдод ба вақти маҳаллӣ бо тирандозӣ ва партоби норинҷак оғоз шуд.

Шокир Барҷовӣ, раҳбари ҳизби Ҷараёни арабӣ (Аттиёруларабӣ) ки аз гурӯҳҳои суннимазҳаби ҳаводори давлати Сурия дар Лубнон аст, ҳизби Мустақбал ба раҳбарии Саъд Ҳарирӣ ва гурӯҳҳои салафии фаъъол дар Бейрутро муттаҳам кард, ки қасди поксозии маҳаллаҳои суннинишини ҷануби Бейрутро аз мухолифони сиёсии худ доранд.

Ба гуфтаи пулис дар даргирҳои субҳи имрӯз як нафар кушта шуда ва сездаҳ нафар захмӣ шуданд. Гуфта мешавад фарди кушташуда аз ҳаводорони ҳизби Ҷараёни арабӣ будааст.

Ҳизби Мустақбал ва салафиҳо аз мухолифони тундрави давлати Башор Асад дар Сурия ҳастанд.

Оқои Барҷовӣ мегӯяд, ки гурӯҳҳои вобаста ба ҳизби Мустақбал ва ҳамчунин салафиҳо даргириҳои ҷануби Бейрутро бо ҳамла ба манозили маскунии ҳаводорони ҳизби Ҷараёни арабӣ оғоз карданд.

Аммор Ҳурӣ, аз намояндагони ҳизби Мутақбал ҳузури ҳаводорони он ҳизбро дар даргириҳои имрӯз такзиб кардааст.

Даргирӣ то соъати ҳашти субҳ идома доштааст. Хабарнигори мо мегӯяд, ки бо вуруди артиши Лубнон ба маҳалла оромиш феълан барқарор шудааст.

Матолиби муртабит