Инфиҷори шадид дар маҳаллаи шиъанишни Бейрут

Инфиҷоре шадид дар ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон рух додааст. Вазорати беҳдошти Лубнон мегӯяд, ки ин инфиҷор дастикам панҷ кушта бар ҷой гузоштааст.
Минтақаи Зоҳия, ки ин инфиҷор ба василаи як худрави бумбгузоришуда дар он ба вуқуъ пайвастааст, аз манотиқи таҳти нуфузи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шумор меравад.
Ҳаддиақал 20 нафар ҳам дар ин инфиҷор захмӣ шудаанд.
Камтар аз як ҳафта пеш Муҳаммад Шатаҳ, вазири собиқи иқтисод ва аз чеҳраҳои сиёсии мунтақиди Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сурия дар як бумбгузорӣ дар Бейрут кушта шуд.
Дар моҳҳои ахир Бейрут ва Таробулус саҳнаи даргириҳои хушунатбор, бумбгузорӣ ва ҳамалоти интиҳорӣ буда. Аз ҷумла дар ҳамлае ду муҳоҷими интиҳорӣ сафорати Эрон дар Бейрутро ҳадаф қарор доданд.
Тадовуми ҷанги дохилии Сурия ба ташдиди ихтилофоти суннӣ-шиъа дар Лубнон анҷомидааст.
Гурӯҳи шиъаи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Сурия ба пуштибонӣ аз Башор Асад меҷангад.
Дар муқобил бахши чашмгире аз гурӯҳҳои сиёсии лубнонӣ ба таври суннатӣ мухолифи Башори Асад ҳастанд ва аз ҳузури Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин даргирии низомӣ интиқод мекунанд.
