Инфиҷори ду бумб наздики дафтари фарҳангии Эрон дар ҷануби Бейрут
Image copyrightAPДу бумб дар минтақаи шиъанишини ҷануби Лубнон ва наздики ройзании фарҳангии Эрон мунфаҷир шудааст.
Манобеъи амниятӣ ба хабаргузориҳо гуфтаанд дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.
Шабакаи Алманор, мутаъаллиқ ба Ҳизбуллоҳи Лубнон гузориш дода, ки яке аз бумбҳо дар мошини бумбгузори интиҳорӣ ҷосозӣ шуда буд ва тақрибан ба таври ҳамзамон як мутурсиклетсавори дигар ҳам бумби ҳамроҳи худро мунфаҷир кард.
Абдуллоҳ Аззом, гурӯҳи ҷиҳодии суннии муртабит бо Алқоъида, масъулияти ин ду инфиҷорро бар уҳда гирифта ва гуфта ҳадаф дафтари ройзании фарҳангии Эрон дар Бейрут будааст.
Нафисаи Кӯҳнавард, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут, мегӯяд вуқӯъи ин инфиҷорҳо дуруст чанд рӯз баъд аз эъломи ташкили кобина ва даъват ба оромиш, нишон медиҳад, ки дар шароити феълӣ ҳифзи амнияти дохилии Лубнон ба ҳалли буҳрони Сурия вобаста аст.
Дар моҳҳои ахир чанд бумбгузорӣ дар иртибот бо буҳрони дохилии Сурия дар Лубнон иттифоқ афтод.
Дар бумбгузории чанд моҳи пеш ройзани фарҳангии Эрон дар Лубнон кушта шуд.
Эрон аз ҳомиёни минтақаии ҳукумати Башор Асад дар Сурия аст. Мухолифони Башор Асад аз Эрон мехоҳанд, ки ҳимояти низомӣ аз Сурияро мутаваққиф кунад.
Гурдон Абдуллоҳ Аззом пештар таҳдид карда буд то замоне ки Эрон нерӯҳояшро аз Сурия хориҷ накарда, ин ҳамалот идома хоҳад дошт.
