Ҳавопаймоҳои Фаронса мавозеъи нерӯҳои Доъишро бумборон карданд
Image copyrightAPҲавопаймоҳои фаронсавӣ мавозеъи нерӯҳои Давлати исломиро дар Ироқ бумборон кардаанд ва чанд кишвари урупоии дигар омодаи вуруд ба амалиёти низомӣ алайҳи ин нерӯҳо мешаванд.
Рӯзи панҷшанбе, 3 меҳр (25 сентябр) сухангӯи давлати Фаронса эълом кард, ки ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар дар чанд маъмурияти ҳавоӣ, ба мавозеъи шибҳнизомиёни Давлати исломӣ дар шимоли Ироқ ҳамла кардаанд. Вай дар ин маврид тавзеҳи бештаре надод.
Фаронса пештар гуфта буд, ки ба эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Давлати исломӣ хоҳад пайваст ва ба нерӯҳо ва имконоти ин гурӯҳ дар Ироқ ҳамла хоҳад кард. Давлати Фаронса барои ҳамла ба ин гурӯҳ дар дохили хоки Сурия эъломи омодагӣ накардааст.
Амалиёти нерӯи ҳавоии Омрико ва муттаҳидони он дар хоки Ироқ ба дархост ва бо иҷозаи давлати марказӣ ва давлати иқлими худгардони Курдистони Ироқ анҷом мешавад, аммо дар мавриди ҳамла ба мавозеъи Давлати исломӣ дар хоки Сурия иҷозаи давлати ин кишвар касб нашуда, ҳарчанд зоҳиран ин ҳамалот ба иттилоъи мақомоти сурӣ мерасад. Кишварҳои ғарбӣ давлати Башор Асад , раиси ҷумҳурии Сурияро ба куштори мардуми ин кишвар муттаҳам сохта ва равобити расмии худро бо давлати ӯ қатъ кардаанд.
Рӯзи панҷшанбе давлатҳои Белжик ва Ҳулланд низ эълом карданд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии онон дар амалиёти алайҳи Давлати исломӣ дар дохили хоки Ироқ мушорикат хоҳанд дошт. То кунун Ҳулланд теъдоде ҳавопаймои таробариро барои амалиёти пуштибонӣ дар ихтиёри эътилофи байналмилалӣ қарор додааст. Амалиёти ҳавоии ин ду кишвар эҳтимолан ба ҳамла ба ҳадафҳо дар дохили хоки Ироқ мунҳасир хоҳад буд.
Артиши Сурия гуфта ба яке аз манотиқи таҳти тасаллути мухолифон ҳамла карда ва онро пас гирифтааст
Ҳамчунин қарор аст Девид Комерун, нахуствазири Бритониё дар ҷаласаи маҷлиси авоми порлумони ин кишвар дар рӯзи панҷшанбе тасмими давлат ба мушорикат дар амалиёти низомӣ алайҳи Доъишро эълом кунад. Пешопеш аҳзоби аслии Бритониё аз вуруди ин кишвар ба амалиёти низомии эътилоф ҳимоят кардаанд, ҳарчанд шомгоҳи гузашта раҳбари ҳизби коргар - ҳизби аслии мухолифи давлат – гуфт, ки ин ҳимоят танҳо шомили амалиёт дар Ироқ аст.
Рӯзи гузашта оқои Комерун дар суханоне дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал ақоиди давлати исломиро "идюлужии бемор" тавсиф кард ва гуфт, ки Бритониё бояд ба марҳалаи ҷадиде аз иқдомот барои ҳифозат аз мардуми худ дар баробари ифротиюн гом бигзорад.
Шаби гузашта ҳавопаймоҳои ҷангандаи Омрико ва чанд кишвари араби минтақаи халиҷи Форс барои сеюмин шаби мутаволӣ ба амалиёти ҷангӣ дар хоки Сурия даст заданд ва чанд тасфияхонаи кучаки таҳти тасаллути Давлати исломиро бумборон карданд то ба ин тартиб авоиди ин гурӯҳро коҳиш диҳанд.
Ҳамзамон телевизиюни давлатии Сурия дар рӯзи панҷшанбе гузориш кард, ки нерӯҳои давлатии ин кишвар минтақае дар наздикии пойтахтро аз дасти нерӯҳои мухолиф пас гирифтаанд. Як созмони сурии мудофеъи ҳуқуқи башар гуфтааст, ки ин манотиқ дар ихтиёри Доъиш ва исломгароёни ифротии дигар набуд, балки гурӯҳҳои дигари мухолифи ҳукумат дар онҳо мустақар буданд. Ин созмон нерӯҳои давлатиро муттаҳам кардааст, ки дар ин амалиёт бумбҳои бушкаӣ дар манотиқи маскунӣ ба кор бурда ва талафот ва вайронии густарда бар ҷой гузоштаанд.
