Шӯрои Амният тарҳи Убомо барои маҳдуд кардани "пайкорҷӯён"-ро таъйид кард

  • 25 Сентябр, 2014
Image copyrightAFP

Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар ҷаласаи вижае бо ҳузури раҳбарони чанд кишвар, аз ҷумла Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, қатъномае содир карда, ки пайвастани афрод ба гурӯҳҳои пайкорҷӯ ҷурм талаққӣ мекунад.

Ба муҷиби ин қатънома, ки барои 193 кишвари узви Созмони Милал илзомовар аст, сафари атбоъи ин кишварҳо барои пайвастан ба гурӯҳҳои "пайкорҷӯ" ва ё кумак ба узвгирӣ ва таъмини молии онҳо ҷурме ҷиддӣ талаққӣ хоҳад шуд.

Пешнависи ин қатънома тавассути Омрико ба Шӯрои Амният ироа шуд. Омрико талош мекунад то эътилофе байналмилалӣ барои ҳамла ба гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ, Доъиши собиқ, дар Ироқ ва Сурия шакл диҳад.

Ин қатънома ба таври мушаххас ба шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ ишора намекунад ва ба таври куллӣ дар бораи гурӯҳҳои пайкорҷӯ тасвиб шудааст. Дар ин қатънома ҳамчунин иқдоми низомӣ алайҳи пайкорҷӯён тасвиб нашудааст.

Дар ин ҷаласа раҳбарони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Ниҷерия, Ироқ, Фаронса ва Чод ҳузур доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷангандаҳои омрикоӣ ҳамалот алайҳи пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурияро ташдид кардаанд.

Оқои Убомо дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт "каламоте, ки имрӯз дар ин ҷо бар забон ронда шуд, бояд бо амал ҳамроҳ шавад ва иҷро шавад; иқдомоте амалӣ ва малмус дар дохили ҳар кишвар ва миёни кишварҳо нафақат дар рӯзҳои оянда, балки дар тӯли солиёни оянда."

Ӯ гуфт кишварҳо бояд муттаҳид шаванд, то ҷилави "убуру мурури теруристҳо аз марзҳо ва таҳдидҳои онҳо барои даст задан ба хушунатҳои ғайриқобили васфро бигиранд.

Оқои Убомо дар нутқаш, ки пеш аз ин дар Маҷмаъи Умумӣ эрод шуд, раҳбарони ҷаҳонро тарғиб кард ба ҷамъоварии "шабакаи марги" Доъиш кумак кунанд.

Ӯ дар он нутқ гуфт гурӯҳи Давлати Исломӣ "навъе аз шарорат аст, ки ки наметавон бо бурҳон овардан ё музокира онро қонеъ кард."

Ӯ гуфт беш аз 40 кишвар пешниҳод додаанд ба набард бо Доъиш мулҳақ шаванд.

Гурӯҳи Давлати Исломӣ, ки қаблан ба Доъиш мавсум буд, қасди эҷоди хилофати исломӣ дар минтақаро дорад.

Ин гурӯҳи ифротгарои суннӣ бахшҳои васеъе аз Ироқ ва Сурияро кунтрул мекунад ва ҷамъиятҳои бузургеро маръуб ва мутаворӣ кардааст.

Ин гурӯҳ иқдом ба сар буридани гаравгонҳои ғарбӣ ва саркӯби масеҳиён, эзадиҳо ва мусалмонони шиъа кардааст.

Матолиби муртабит