Борок Убомо: Ҷанг бо Доъиш фақат ҷанги Омрико нест
Image copyrightGettyРаиси ҷумҳурии Омрико аз пуштибонии бархе кишварҳои арабӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба мавозеъи гурӯҳи шибҳнизомии "Давлати Исломӣ" ситоиш карда ва гуфтааст, ки ин мубориза фақат ба уҳдаи Омрико нест.
Борок Убомо соъоте пас аз нахустин ҳамлаҳои Омрико ва ҳампаймонон ба мавозеъи "Доъиш" дар Сурия сухан мегуфт.
Ӯ таъйид кард, ки Арабистони Саъудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Урдун, Баҳрайн ва Қатар дар ин ҳамлаҳо мушорикат доштаанд ё ба наҳве аз он пуштибонӣ кардаанд.
Гузориш шудааст, ки дастикам 70 нерӯи "Доъиш" ва 50 ҷангҷӯи дигар вобаста ба Алқоъида дар ин ҳамалот кушта шудаанд.
Омрико мегӯяд беш аз ин ҳамалот ба мақомҳои Сурия дар ин бора хабар дода буд. Димишқ низ инро таъйид кардааст.
Тибқи гузоришҳо, Омрико дар ин бора ба Эрон ҳам хабар дода буд.
Бо ин ҳол, вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд дар ин бора аз Сурия "иҷоза" нагирифта ва замони ҳамлаҳоро ҳам хабар надодааст.
Пентогун, вазорати дифоъи Омрико, гуфта ҳавопаймоҳои ҷанганда, паҳпод ва мушакҳои Тумоҳовк дар ин ҳамлаҳо ба кор гирифта шудаанд.
Дар моҳҳои ахир, гурӯҳи ифротии мавсум ба "Давлати Исломӣ" бахшҳои васеъе аз Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр гирифтааст.
Дар як моҳи гузашта Омрико ҳудуди 200 бор ба мавозеъи Доъиш дар Ироқ ҳамла карда буд, аммо ҳамла ба ин гурӯҳ дар хоки Сурия, дар ин ҳафтаҳои гузашта маҳалли баҳсу ихтилоф будааст.
"Доъиш" аз гурӯҳҳои қудратманд дар миёни шӯришиёне аст, ки дар Сурия алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд. Омрико ва ҳампаймонони араби он дар беш аз се сол, ки аз ҷанги дохилии Сурия мегузарад, хостори канорагирии Башор Асад будаанд ва дар ин бора аз мухолифони ӯ ҳимоят кардаанд.
Бо боло гирифтани таҳдиди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" коршиносон дар бораи аҳаммияти тазъифи ин гурӯҳ дар Сурия гуфта буданд ва бархе мақомҳои Пентогун ҳам аз эҳтимоли ҳамла ба мавозеъи "Доъиш" дар хоки Сурия сухан гуфта буд.
Ҳамлаҳои душанбешаб ба пойгоҳи аслии гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Раққа, дар шимоли шарқии Сурия будааст. Ин минтақа аз сангарҳои аслии ин гурӯҳи тундрав аст.
Эътилофи Омрико ва ҳампаймононаш ба пойгоҳҳо, васоили нақлия ва анборгоҳҳои ин гурӯҳ дар манотиқи мутаъаддиди дигаре низ ҳамла кардаанд.
Сқухангӯйи Пентогун гуфтааст ин ҳамлаҳо дар се мавҷи мухталиф анҷом шуд, ки дар мавҷи аввал ҳавопаймоҳои ҷангандаи омрикоӣ амал мекарданд ва дар мавҷи дувуму севум кишварҳои арабӣ ҳам мушорикат доштанд.
Ҳамла ба гурӯҳи "Хуросон"
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ҳамчунин дар бораи ҳамла ба гурӯҳи Хуросон сухан гуфт, ки ба Алқоъида вобаста аст.
Мақомҳои омрикоӣ мегӯянд ин гурӯҳ дар ҳоли траҳрезии "ҳамлаҳои қарибулвуқӯъ" ба Ғарб будааст ва дар ғарби Ҳалаб мустақар шуда буд.
Расонаҳои давлатии Сурия аз қавли Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар, нақл кардаанд, ки ӯ аз ҳар талоши баӣйналмилалӣ барои мубориза бо терурисм дар Сурия ҳимоят мекунад
Ҳукумати Сурия аз се солу чанд моҳ пеш, ки ҷанги дохилӣ дар ин кишвар шуъла кашид, ҳама мухолифони худро терурист мехонад.
Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милал, сареҳан аз ҳамалот дар хоки Сурия ҳимоят накард, вале гуфт, ки гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Сурия, "як таҳдиди айнӣ" аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфтааст, ки ҳамалаи низомӣ дар хоки Сурия "ғайриқонунӣ ва фоқиди машрӯъият" будааст, чун дастури Созмони Милал ё таъйиди давлати Сурияро надоштааст.
Дар ин бора Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, ба хабарнигорон гуфтааст, ки кишвараш метавонад ба пуштибонии низомӣ ё тадорукоте дар мубориза бо "Доъиш" биафзояд.
Дар рӯзҳои гузашта ва пеш аз он, ки чандин гаравгони туркияӣ аз дасти Доъиш озод шаванд, ин кишвар тамоюли чандоне ба мушорикат дар иқдоми низомӣ алайҳи ин гурӯҳ нишон надода буд.
Дар вокунишҳои дигар ба ин ҳамалот алайҳи "Доъиш" дар Сурия , Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон, аз иқдоми Омрико интиқод карда ва гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида худаш "модар ва маншаи терурисм аст."
