Устролиё барои муқобала бо Давлати исломӣ нерӯ ба Аморат эъзом мекунад
Image copyrightaТунӣ Абут, нахуствазири Устролиё гуфтааст, ки кишвараш барои кумак ба муқобала бо пайкорҷӯёни Давлати исломӣ (Доъиш) 600 нерӯи низомӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эъзом хоҳад кард.
Оқои Абут афзуда ин иқдом дар посух ба дархости Омрико барои рӯёрӯии байналмилалӣ алайҳи Давлати исломӣ гирифта шудааст.
Нахуствазири Устролиё ҳамчунин гуфт Ироқ нишон дода, ки аз ҳаргуна ҳамкори низомӣ барои бозсозии амният дар ин кишвар истиқбол мекунад.
Ба гуфтаи оқои Абут кумакҳои низомии Устролиё ҳамчунин шомили 8 ҷангандаи Супер Ҳурнет (Super Hornet) мешавад.
Қарор аст эъзоми ин нерӯҳои аз ҳафтаи оянда оғоз шавад.
Ин тасмими давлати Устролиё дар ҳоле эълом мешавад, ки ду рӯз пеш ин кишвар сатҳи ҳушдор дар мавриди таҳдидоти терруристиро дар ин кишвар афзоиш дод.
Наздик ба 40 кишвар аз ҷумла 10 кишвари арабӣ мувофиқати худро бо тарҳи Омрико мабнӣ бар муқобала бо пайкорҷӯёни тундрави ин гурӯҳ эълом карданд.
Дар ҳамин росто қарор аст Фаронса фардо (душанбеи 15 сентябр) мизбони нишасте бо ҳузури раҳбарони ғарбӣ ва минтақаӣ бошад.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико рӯзи гузашта пас аз сафари чаҳоррӯза ба Ховари Миёна барои ширкат дар ин нишаст вориди Порис шуд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ҳафтаи гузашта дар нутқе истиротижии кишварашро барои ҷанг бо пайкорҷӯёни Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия эълом кард.
Гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) як гурӯҳи тундрави исломгаро аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия қудрат гирифт ва бахшҳое аз хоки он кишварро дар ихтиёри худ дорад.
Ин гурӯҳ дар моҳҳои ахир манотиқи қобили таваҷҷуҳе аз хоки Ироқро тасарруф карда ва дар моҳи июн эълом кард, ки дар ин манотиқ хилофат ё давлати исломӣ эҷод карда ва раҳбарии онро Абӯбакр Албағдодӣ ба унвони халифа ва раҳбари муслимини ҷаҳон ба уҳда дорад.
