Вокунишҳо ба қатли имдодгари бритониёӣ тавассути Доъиш

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, қатли Девид Ҳейнс, имдодгари бритониёӣ ба дасти гурӯҳи Давлати исломӣ ё Доъишро "шарорати маҳз" тавсиф ва онро маҳкум кард.
Ӯ ваъда дод, ки аз тамоми тавонаш барои дастгирии қотилони ин шаҳрванди Бритониё истифода кунад то адолат дар мавриди онҳо иҷро шавад.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико низ бо судури баёнияе "қатли ваҳшиёнаи" Девид Ҳейнсро маҳкум карда ва бо хонаводаи вай ибрози ҳамдарӣ кардааст.
Оқои Убомо гуфт, ки Омрико шона ба шонаи Бритониё истодааст ва таъкид кард, ки муқобала бо пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ бояд дар чорчӯби як эътилофи байналмилалӣ бошад.
Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Омрико эълом кардааст, ки женерол Ҷон Олен, фармондеҳи собиқи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ба симати намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Омрико дар эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ мансуб шудааст.
Гурӯҳи Давлати исломӣ шанбешаби (13 сентябр) бо интишори видиюе эълом кард, ки сари Девид Ҳейнс, имдодгари бритониёиро буридааст.
Гурӯҳи Давлати исломӣ пештар ду хабарнигори омрикоӣ ба номҳои Ҷеймз Фулӣ ва Истивен Сотлуфро низ ба хотири ҳамалоти ҳавоии Омрико ба аҳдофаш дар шимоли Ироқ сар бурида буд.
Дар пайи интишори видиюи марбут ба қатли хабарнигорони омрикоӣ раиси ҷумҳурии Омрико эълом кард, ки дар назар дорад ба аҳдофи гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурия низ ҳамлаи ҳавоӣ кунад.
Видиюи ҷадид, паём ба Девид Комерун
Гурӯҳи Давлати исломӣ дар видиюи сар буридани Девид Ҳейнс, фарди дигареро ҳам нишон додааст, ки мегӯяд шаҳрванди Бритониё аст ва ҳушдор додааст, ки ӯро низ хоҳад кушт.
Сухангӯи давлати Бритониё мегӯяд, ки дар пайи интишори ин видию Девид Комерун бо эҳзори вузаро ва мақомҳои амниятии аршад, як нишасти изтирории "Кумитаи Кубро( "кумитаи вижаи амниятии кобинаи Бритониё) баргузор мекунад.
Ед Милибанд, раҳбари ҳизби коргар низ бо судури баёнияе қатли оқои Ҳейнсро мушмаизкунанда ва ваҳшиёна тавсиф кардааст.
Дар ин видию марде, ки либоси норанҷӣ бар тан дорад, бар замин зону зада ва марде, ки либоси сиёҳ пӯшида, сураташро пӯшонда ва чоқуе дар даст дорад, дар канори вай истодааст.
Қурбонӣ пас аз он ки худашро Девид Ҳейнс муаррифӣ мекунад, хитоб ба Девид Комерун, нахуствазири Бритониё мегӯяд, ки ӯро масъули қатли худ медонад.
Ӯ меафзояд Бритониё вориди эътилофи зиди гурӯҳи Давлати исломӣ шуд, ҳамон тавр ки нахуствазири собиқ Туни Блеер, дар замони раёсати ҷумҳурии Ҷурҷ Буш бо Омрико барои ҳамла ба Ироқ ҳамкорӣ карда буд.
Ӯ мегӯяд: "Мутаассифона ин мардуми Бритониё ҳастанд, ки дар ниҳоят ҳазинаи тасмимоти худхоҳонаи порлумони моро мепардозанд."
Марди қотил, ки ба назар мерасад лаҳҷаи бритониёӣ дорад, низ мегӯяд: "Ин марди бритониёӣ бояд ҳазинаи қавли ту, Девид Комерун барои мусаллаҳ кардани нерӯҳои пешмарга (курд) алайҳи гурӯҳи Давлати исломиро бирадозад."
Давлати Бритониё ба нерӯҳои курди Ироқ дар набардаш бо нерӯҳои Давлати исломӣ кумаки таслиҳотӣ кардааст.
