'Женерол Олен эътилофи зидди Доъишро ҳидоят мекунад'
Image copyrightAFPБа гуфтаи мақомҳои низомии омрикоӣ, масъулияти назорат ва эҷоди ҳамоҳангӣ дар амалиёти чандмиллиятӣ алайҳи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ба женероли бознишаста Ҷон Олен супурда шудааст.
Наздик ба 40 кишвари ҷаҳон дар қолаби эътилофии байналмилалӣ қарор аст мавозеъи шибҳнизомиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар хоки Сурия ва Ироқ ҳадаф қарор диҳанд.
Бино бар гуфтаи мақомҳои омрикоӣ, женерол Олен дар ин масъулияти тоза вазифа дорад бахшҳои мухталифи нерӯҳои эътилофро созмондиҳӣ кунад.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз чунин интисобе расман аз сӯйи Кохи Сафед эълом нашудааст.
Ин женероли ботаҷрубаи омрикоӣ собиқаи зиёде дар ҳамоҳангсозии нерӯҳои байналмилалӣ дар хутути муқаддами ҷанг дорад.
Ӯ дар фосилаи солҳои 2012-2013 яке аз фармондеҳони олирутбаи Омрико дар Афғонистон будааст. Женерол Олен ҳамчунин аз 2006 то 2008 муъовинати фармондеҳиии амалиёт дар устони Анбор дар Ироқро ба уҳда дошт ва дар ҳамин замон масъули ҳамоҳангӣ бо ашоири суннӣ барои шакл додани ҷабҳае дар баробари Алқоъида буд.
Ба ақидаи ин фармондеҳи омрикоӣ, токтикҳои низомии "Давлати Исломӣ" ба ҳадде пешрафта аст, ки Толибони Афғонистон, паноҳдиҳанда ба Алқоъида дар даҳаи 1990 ва пеш аз ҳамлаи Омрико дар соли 2001, дар муқоиса бо он "гурӯҳе ғорнишин буда ва ҳастанд."
Эътилофи кишварҳои араб бо Омрико дар набард бо Доъиш
Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷаи Омрико, мегӯяд кишварҳои минтақа (Ховари Миёна) комилан барои мукқобила бо гурӯҳи Давлати Исломӣ омада ва ҳамгом шудаанд.
Оқои Керрӣ, ки рӯзи панҷшанбе дар Арабистони Саъудӣ ҳузур ёфта буд, ба Би-би-сӣ гуфт: "Кишварҳои минтақа ба хатаре, ки ҳоло аз ҷониби гурӯҳи Давлати Исломӣ сар баровада, комилан воқиф шудаанд ва аз ҳамин рӯст, ки имрӯз инҷо барои муқобила бо он ҳамгом шудаанд."
Бо вуҷуди ин, оқои Керрӣ интиқоди "ба навъе саҳм доштани" оқои Убомо дар қудратгирии Доъишро напазируфт ва масъулити аслиро мутаваҷҷеҳи касоне донист, ки аз Доъиш ҳимояти молӣ кардаанд.
Дар посух ба ин суол, ки "шояд агар ду сол пеш оқои Убомо бо шибҳнизомиёни тундрав дар Сурия муқобила мекард, ҳоло онҳо ин қадар қавӣ нашуда буданд," гуфт нақши аслиро онҳое, ки аз ин гурӯҳ ҳимояти молӣ кардаанд, бар уҳда доранд ва ҳамчунин Башор Асад, ки рафторҳояш, ҳамчун кушитори сунниҳо, монанди Каҳрабо, пайкорҷӯёнро ба кашонд.
Оқои Керрӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Кохи Сафед барнома барои ҳамкорӣ бо Эрон дар мувоҷеҳа бо Доъиш надорад.
Ӯ гуфт, ки Эрон борҳо дар баробари Доъиш мавзеъгирӣ карда ва ҳамакнун ҳам дар бахшҳое ба муқобила бо шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ мепардозад, аммо Омрико қасд барои ҳамкории мустақим бо Эрон дар ин робита надорад.
Имрӯз мақомҳои даҳ кишвари арабӣ , аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, дар шаҳри Ҷидда ва тайи эътилофе бо Омрико эълом карданд омодаи соқит кардани гурӯҳи Доъиш ҳастанд.
Эълом шуда, ки ин кишварҳо дар ҳузури вазири хориҷаи Омрико дар бораи истротежии нобуд кардани Доъиш "ҳар куҷо, ки бошад, Ироқ ё Сурия" баҳс кардаанд.
Ин кишварҳо мутаъаҳҳид шудаанд, ки монеъ аз ҷараёни таъмини молӣ ва пайвастани пайкорҷӯён ба "Давлати исломӣ" шаванд.
Ба ҷуз Арабистони Саъудӣ, Баҳрайн, Миср, Ироқ, Кувейт, Лубнон, Умон, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ин нишаст ҳузур доштанд.
Туркия ҳам намояндае дар ин ҷаласа дошт, аммо ӯ тавофуқномаро имзо накардааст.
