Ихтилофи тозаи Эрону Омрико дар бораи ҳамкорӣ алайҳи Доъиш
Image copyrightReutersОмрико бори дигар гуфтааст Эрон дар эътилофи байналмилалии мубориза бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ҷое надорад. Эрон ҳам гуфта, ки чунин ҳамкорие "имконпазир" нест.
Пештар гузоришҳое дар ин бора мунташир шуда буд, ки эҳтимол дорад Фаронса аз Эрон барои ширкат дар нишасти Порис барои ҳамоҳангӣ дар иқдом алайҳи гурӯҳи ифротии Доъиш даъват кунад.
Ин нишаст эҳтимолан рӯзи душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Осушиэйтид Прес, як мақоми фаронсавии дастандаркори баргузории нишасти Порис, ки номаш пинҳон мондааст, гуфта, ки танҳо монеъ дар заминаи даъват аз Эрон мувофиқати ҳампаймонони Фаронса аст, вале "иҷмоъ дар ин бора дур нест."
Бо ин ҳол, Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ки дар сафар ба Туркия буд, гуфт дар бораи "ҳузури Эрон" дар нишасти Порис ҳанӯз ба таври расмӣ мавзеъи ӯ пурсида нашудааст.
Ӯ рӯзи ҷумъа дар Онкоро гуфт, ки ба назараш "бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунӣ ва бо таваҷҷуҳ ба хеле масоили дигар ва аз ҷумла дахолати Эрон дар Сурия ва нуқоти дигар, ҳузури Эрон дар нишасти Порис муносиб нест."
Дар Теҳрон ҳам Масъуди Ҷазоирӣ, муъовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо Омрико дар бораи Доъиш аслан "имконпазир нест."
Хабаргузории Форс аз қавли ин мақоми олирутбаи низомӣ дар Эрон нивиштааст, ки Омрико худаш гурӯҳи "Давлати Исломӣ"-ро эҷод карда, вале Эрон дар муқобили ин гурӯҳ аст ва ба ҳамин далел наметавонанд ҳамкорӣ кунанд.
Умедвории Омрико ба ташкили эътилофи байналмилалӣ алайҳи Доъиш
Иёлоти Муттаҳида дар талош аст, ки эътилофе байналмилалӣ барои тазъиф ва аз байн бурдани гурӯҳи "Давлати Исломӣ", ки ба номи "Доъиш" ҳам шинохта мешавад, ташкил диҳад.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, пештар дар нишасти сарони Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (Ноту) аз эътилофи шуморе аз ҳампаймонони ин созмон дар мубориза бо Доъиш хабар дода буд.
Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ҳам дар сафар ба минтақа ҳимояти даҳ кишвари арабиро дар ин бора ҷалб кардааст. Ӯ рӯзи ҷумъа дар Онкоро гуфт мутмаин аст Омрико метавонад як эътилофи густардаи байналмилалӣ аз кишварҳои урупоӣ ва арабӣ ташкил диҳад, ки ба муборизаи Доъиш биравад.
Пештар ҳам гузоришҳое дар бораи ҳамкории Теҳрон ва Вошингтун дар мубориза бо Доъиш матраҳ шуда буд, аммо ҳарду онро такзиб карданд.
Дар ин бора Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, ҳушдор додааст, ки мабодо таҳдиди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" боъис шавад, ки таҳдиди Эрон фаромуш шавад. Оқои Нетонёҳу дар як соли гузашта ҳамвора бо тавофуқи Ғарб бо Эрон дар бораи барномаи ҳастаӣ мухолифат кардааст.
Бархе аз кишварҳои арабӣ низ дар бораи афзоиши қудрати Эрон дар Ироқ, ки ҳамин ҳоло ҳам раҳбарони он равобити наздике бо Теҳрон доранд, ибрози нигаронӣ кардаанд. Аммо раиси ҷумҳурии Омрико дар рӯзҳои гузашта гуфтааст, ки Доъиш таҳдиди бузургтаре барои кишварҳои арабӣ аст ва на Эрон.
Масъалаи Сурия
Ҳам Эрон, ки аз ҳамсоягони аслии Ироқ аст ва ҳам Омрико ҳарду дар ҳафтаҳои гузашта аз давлати Бағдод дар муқобили шибҳинизомиёни ифротии "Давлати Исломӣ" ҳимоят кардаанд.
Дар беш аз се сол, ки аз ҷанги дохилӣ дар Сурия мегузарад, Эрон ҳамвора аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии он кишвар, ҳимоят кардааст. Омрико ва кишварҳои ғарбии дигар, ҳамчун кишварҳои арабӣ, дар ин муддат аз мухолифони ҳукумати Сурия ҳимоят кардаанд.
Гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар миёни шӯришиёни мухолифи Башор асад ҳузур дорад ва пеш аз Ироқ дар Сурия қудрат гирифта буд. Густариши мубориза бо Доъиш ба дохили хоки Сурия аз мавориди маҳалли баҳс байни Омрико ва кишварҳои арабӣ аст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар нутқи худ дар бораи роҳбурди кишвараш дар муқобала бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" гуфт, ки мубориза бо ин шибҳинизомиёни ифротии сунниро дар Сурия ҳам дунбол мекунад.
Ҳарчанд Сурия ва Русия низ чунин иқдомеро ба иҷозаи Созмони Милал ва ҳамоҳангӣ бо Димишқ машрут кардаанд.
