Рӯҳонӣ: Субот ва амнияти Тоҷикистон субот ва амнияти Эрон аст

  • 10 Сентябр, 2014
Image copyrightBBC World Service

Дар ҷараёни дидори расмии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, аз Тоҷикистон, даҳ санади ҳамкорӣ миёни мақомоти ин ду кишвар ба имзо расид.

Яке аз ин аснод мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи "тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният" аст, ки онро Рамазон Раҳимзода ва Абдурризо Раҳмонӣ-Фазлӣ, вузарои зидахли ду кишвар, имзо карданд.

Оқои Раҳмонӣ-Фазлӣ бо Рустами Назарзода, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон, низ ёддошти тафоҳуме дар заминаи пешгирӣ ва муборизаи муштарак бо тавлиду қочоқи маводди мухаддир, моддаҳои равонгардон (психотропикӣ) ва пешмоя (прекурсор) барои тавлиди ҳеруин имзо кард.

Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон, низ барномаи ҳамкорӣ дар заминаи густариши равобити хориҷӣ имзо карданд.

Оқои Аслов ҳамчунин ёддоште миёни Кумитеи умури занони Тоҷикистон ва Кумитеи имдоди Хумайнии Эрон ва ёддоште миёни Вазорати кору таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ва Кумитеи имдоди Хумайниро низ бо раҳбари ин кумите Ҳусейни Анворӣ имзо кард.

Як ёддошти тафоҳум миёни Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон ва Дафтари мутолеъоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷаи Эрон аз сӯйи оқоён Муҳаммад Ҷаводи Зариф ва Худойбердӣ Холиқназаров, имзо шуд.

Яке аз муҳиммтарин асноде, ки миёни ду кишвар имзо шуд, ёддошти тафоҳум байни Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон ва Кумитеи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аст, ки онро вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Алии Ҷаннатӣ, фазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, имзо карданд.

Ду ёддошти тафоҳум миёни вазорати беҳдошт, кумитеи ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитеи имдоди Хумайнӣ низ имзо шуд. Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, руасои ҷумҳури ду кишвар, баёнияи муштараке дар бораи густариши муносиботи дуҷониба имзо карданд.

Пас аз имзои ин баёния оқои Рӯҳонӣ гуфт, ки амнияти Тоҷикистон амнияти Эрон аст ва Эрон омода аст дар заминаҳои амниятӣ ва дифоъӣ ба "кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги" Тоҷикистон кумак кунад.

Вай гуфт: "Минтақаи мо минтақаи бисёр ҳассосе аст ва мо, мутаассифона, дар моҳҳои ахир шоҳиди мушкилоти бештаре дар суботу амнияти минтақа будем, баҳсу гуфтугӯ кардем. Мо дар ин ҷо эълом мекунем, ки суботу амнияти Тоҷикистон субот ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва дар заминаи масоили амниятӣ ва масоили дифоъӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи кумак ва омодаи иҷрои тафоҳумоти ду кишвар дар ин замина ҳастанд ва Тоҷикистон ба унвони кишвари муҳимми минтақа сулҳу суботу амнияташ метавонад барои сулҳу суботи кулли минтақа ҳоизи аҳаммият бошад."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ин нахустин сафари оқои Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон пас аз нишастани ӯ бар курсии риёсати ҷумҳурии Эрон аст

Оқои Рӯҳонӣ нагуфт, ки Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи амният ва дифоъ чи кумакҳое хоҳад кард, аммо вай афзуд, ки руасои ҷумҳур ду кишварро "бахшҳои як бинои рафеъ ва бузург дар ин минтақа" медонанд ва ду кишвар талош доранд равобитро дар ҳамаи заминаҳо истеҳком бахшанд.

Оқои Рӯҳонӣ, ҳамчунин, ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши ҷаҳонгардӣ ва ҳамкориҳои донишгоҳӣ таъкид карда ва гуфт, ки ин ду кишвар мавозеъи зебою таърихии диданӣ дошта ва ҷаҳонгардони тоҷику эронӣ бидуни истифода аз хидмати тарҷумон аз ин мавозеъ дидан хоҳанд кард.

Вай афзуд: "Мардуми Тоҷикистон яке аз талошҳои муҳандисони Эронро дар кишвари Тоҷикистон ба самар мечинад ва нерӯгоҳи Сангтуда 2 ифтитоҳ мешавад. Аммо ин ба маънои он нест, ки ин поёни роҳ аст, ин ба маънои оғози роҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ аст. Умедворем дар фурсатҳои оянда шоҳиди ба самар расидани талошҳои муштараки ду кишвар дар заминаи масоили иқтисодӣ бошем ва шабеҳи ин нерӯгоҳ шоҳиди иқдомоти дигар барои тавсеъаи ин кишвари дӯстамон бошем."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: "Дар ҷарёни музокирот таъкид шуд, ки бахши равобити иқтисодӣ пойдевори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷабҳаи дуҷониба буда, тасвиби як барномаи мукамммали густариши дурозмуддати ҳамкориҳо ба онҳо хислати муназзам бахшида метавонист."

Дар назар аст, фардо оқои Рӯҳонӣ дар нишасти руасои ҷумҳурии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ва баъдан ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ширкат кунад.

Вай дидори раҳбарони се кишвари Эрону Тоҷикистон ва Афғонистонро ба унвони "се кишвари форсизабон" муҳим хонд ва гуфт, ки бояд иттисолҳои иқтисодӣ миёни ин се кишвар тақвият дода ва ба "наздикию ваҳдати онҳо дар масоили иқтисодӣ ва фарҳангӣ" кумак карда шавад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ дар Кохи Миллат аз тариқи пахши мустақими видеуӣ ба кори чархаи дуюми нерӯгоҳи обии "Сангтӯда-2" ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 10 сентябр барои анҷоми дидоре расмӣ ва ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкори Шонгҳой вориди Душанбе шуд. Қаарор аст вай бо раиси Маҷлиси намояндагону нахуствазири Тоҷикистон низ дидор кунад.

Эрон дар канори Ҳинд, Покистон ва Муғулистон дар ин созмон аз мақоми нозир бархурдор буда, то ҳол дархости ин кишвар барои узвият дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой пазируфта нашудааст.

Эрон аз нахустин кишварҳои ҷаҳон аст, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохта ва тӯли ин солҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳои танготанг доштааст.

То ба ҳол миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 100 санади ҳамкорӣ имзо шуда ва дар зарфи 10 соли ахир табодули коло миёни ин ду кишвар панҷ баробар ва мизони сармояи эронӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба таври чашмгире афзоиш ёфтааст.

Матолиби муртабит