Демпсӣ: Барои шикасти 'Давлати Исломӣ' набарди заминӣ ҳам лозим аст

  • 27 Сентябр, 2014
Image copyrightAP

Женерол Мортин Демпсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико, гуфтааст ҳамалоти ҳавоии эътилоф таҳти раҳбарии кишвараш ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" (Доъиш) зарба зада, аммо ҳушдор дод, ки тавони ҳавоӣ батанҳоӣ қодир ба шикасти ин гурӯҳ нест.

Женерол Мортин Демпсӣ ба хабарнигорон гуфт ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Сурия набарди заминӣ бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" зарурист.

Раиси ситоди муштараки артиши Омрико, ки дар Пентогун, маҳалли вазорати дифоъи Омрико, суҳбат мекард, гуфт ҳамалоти ҳавоии ин ҳафта ба мавозеъи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Сурия тавони фармондеҳӣ, кунтрул ва тадорукотии онро мунҳал кардааст.

Вай афзуд барои набарди заминӣ бо Доъиш дар Сурия байни дувоздаҳ то 15 ҳазор нафар мавриди ниёз аст. Ба гуфтаи вай, ин нерӯҳо бояд аз миёни мухолифони миёнарави давлати Башор Асад интихоб шаванд.

Ин рақам ду то се баробари теъдоди нерӯҳоест, ки қарор аст тайи як соли оянда тавассути Омрико омӯзиш дода ва мусаллаҳ шаванд.

Порлумони Бритониё рӯзи ҷумъа пайвастани ин кишвар ба эътилофи таҳти раҳбарии Омрико барои ҳамлаи ҳавоӣ ба мавозеъи Доъиш дар Ироқро тасвиб кард. Давлати Бритониё хоҳони он буд, ки дар бумборони мавозеъи Доъиш дар Ироқ мушорикат дошта бошад.

Ҷетҳои ҷангандаи фаронсавӣ низ аз қабл дар ҳамалоти ҳавоӣ ба мавозеъи Доъиш дар Ироқ мушорикат доштаанд ва Белжику Донморк ҳам дар ҳоли фиристодани ҳавопаймо ба минтақа ҳастанд.

Ҳудуди 40 кишвар, аз ҷумла бисёре аз кишварҳои минтақаи Ховари Миёна, ба эътилофи таҳти раҳбарии Омрико алайҳи Доъиш пайвастаанд.

Кишварҳои урупоӣ то алъон фақат бо ҳамла ба мавозеъи Доъиш дар Ироқ мувофиқат кардаанд, ки давлаташ барои муқобала бо ин гурӯҳ тақозои кумак карда буд.

Аммо Омрико, Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба мавозеъи Доъиш дар шарқи Сурия низ ҳамла кардаанд. Таъсисоти нафтии минтақа аз ҷумлаи аҳдофи ин ҳамалот будааст.

'Ноқизи қавонини байналмилалӣ'

Аммо Русия гуфтааст бумборони Сурия тавассути Омрико ва кишварҳои араб бо қавонини байналмилалӣ муғойират дорад.

Сергей Ловруф, вазири умури хориҷаи Русия, дар Ню-Йурк ба хабарнигорон гуфт Омрико бояд қабл аз ҳамалоти ҳавоӣ ба мавозеъи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Сурия мувофиқати муттаҳиди Русия, яъне Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро, ҷалб мекард.

Вай дар ҳошияи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал гуфт: "Бисёр муҳим аст, ки як ҳамкории инчунинӣ бо мақомҳои Сурия шакл бигирад."

Доъиш бахшҳои бузурге аз шимоли шарқи Сурия ва шимоли Ироқ, аз ҷумла Мавсил, дувумин шаҳри бузурги ин кишварро, таҳти кунтрул дорад.

Image copyrightReuters

Матолиби муртабит