Ҷабҳаи Нусрат хостаҳояшро барои озодии сулҳбонон эълом кард

  • 2 Сентябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Ба гуфтаи фармондеҳи артиши Фиҷӣ Созмони Милали Муттаҳид музокиракунандагони худро ба минтақа эъзом кардааст

Фармондеҳи артиши Фиҷӣ мегӯяд, ки Ҷабҳаи Нусрат дар Сурия, ки даҳҳо сулҳбони Созмони Милали Муттаҳид аз Фиҷиро дар баландиҳои Ҷавлон дар ихтиёр дорад, хостаҳоеро барои озодии онҳо матраҳ кардааст.

Ба гуфтаи сартип Тиквитуго Ҷабҳаи нусрат хостааст, ки дар изои озодии гаравгонҳо аз феҳристи гурӯҳҳои терруристии Созмони Милали Муттаҳид хориҷ шавад ва дар манотиқе аз Сурия, ки ба тасарруфи худ дароварда, кумак дарёфт кунад.

Фармондеҳи артиши Фиҷӣ гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид музокиракунандагони худро ба Сурия эъзом кардааст.

Ҷабҳаи нусрат ҳафтаи гузаштаи 44 сулҳбони Созмони Милали Муттаҳидро, ки ҳамагӣ аҳли Фиҷӣ буданд, дар баландиҳои Ҷавлон рабуд.

Ин ҷабҳа тасовиреро аз гаравгонҳо мунташир карда ва мегӯяд дар маҳалле амн аз онҳо нигаҳдорӣ мекунад.

Дирӯз душанбе, аввали сентябр даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии Сурия ва Ҷабҳаи нусрат дар маҳали гаравгонгирии сулҳбонон дар баландиҳои Ҷавлон шиддат гирифт.

Бано бар гузоришҳо нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар ин минтақа барои дар ихтиёр гирифтани кунтрули гузаргоҳи Қанитра ва рустои Ҳамидия дар ҳоли набард ҳастанд.

Матолиби муртабит