Артиши Исроил аз сарнагунии як ҳавопаймои низомии Сурия хабар дод
Image copyrightReutersАртиши Исроил мегӯяд як ҳавопаймои низомии Сурияро, ки вориди ҳарими ҳавоии Исроил шуда буд, сарнагун кардааст.
Муше Яълун, вазири дифоъи Исроил гуфтааст, ки системи дифоъи ҳавоии ин кишвар ҳавопаймои суриро баъд аз он ки бо ҳолати таҳдидомез ба хоки Исроил наздик шуд, сарнагун кард.
Бо ин ҳол мақомҳои Исроил мегӯянд ба эътиқоди онҳо маъмурияти ҳавопаймои сурӣ ҳамла ба шӯришиён дар дохили хоки Сурия буда ва на иҷрои амалиёт дар хоки Исроил.
Дар баёнияе, ки тавассути артиши Исроил содир шуда, омадааст, ки ин ҳавопаймо бомдоди сешанбе ҳангоми парвоз раҳгирӣ ва бо системи дифоъи ҳавоии Патриот сарнагун шуд.
Артиши Исроил эълом накарда, ки ин ҳавопаймо аз чӣ навъе будааст.
Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин ҳавопаймо аз навъи ҷангандаҳои Су- 24 русӣ будааст. Пештар низ гуфта шуда буд, ки ин ҳавопаймо як ҷети ҷанганда аз навъи Миг -21 буд, аммо дар гузоришҳои дигар аз ҷумла гузориши радиои Исроил, онро як ҳавопаймои бидуни сарнишин тавсиф кардааст.
Гуфта мешавад ин ҳавопаймо дар наздикии Қантира дар бахши сурии баландиҳои Ҷавлон ҳадафи мушаки замин ба ҳавои Исроил қарор гирифт.
Қантира дар ҳафтаҳои ахир саҳнаи даргириҳои сангин миёни нерӯҳои давлати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ва шӯришиёни Ҷабҳаи нусрат будааст.
Аз соли 1989 то кунун ин аввалин боре аст ки нерӯи ҳавоии Исроил як ҳавопаймои мутааллиқ ба Сурияро сарнагун мекунад. Ин ҳамла мумкин аст ба танишҳои мавҷуд дар минтақа доман бизанад ва онро ташдид кунад.
Ҳамлаи артиши Исроил ба ҳавопаймои сурӣ дар ҳоле гузориш мешавад, ки нерӯи ҳавоии Омрико бо ҳамроҳии чанд кишвари араби минтақа барои нахустин бор мавозеъи гурӯҳи Доъишро дар дохили Сурия ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор доданд. Ба гуфтаи манобеъи вазорати дифоъи Омрико дар ин амалиёт ҷетҳои бумбафкан ва мушакҳои Томоҳовк (Круз) ба кор рафтааст.
