Ҷабҳаи нусрат ҳамалоти ҳавоӣ ба Доъиш дар Сурияро ҷанг бо ислом хонд
Image copyrightAFPГурӯҳи тундрави Ҷабҳаи нусрат дар Сурия ҳамалоти ҳавоии Омрико ва муттаҳидонаш ба гурӯҳи Давлати исломӣ (Доъиш)-ро ба унвони ҷанг алайҳи ислом маҳкум кардааст.
Ҷабҳаи нусрат, ки бо шабакаи Алқоъида муртабит аст, бо интишори баёнияе дар интернет аз пайкорҷӯёни ҷиҳодӣ дар саросари ҷаҳон хостааст, ки кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ, ки дар набард бо Доъиш ба Омрико кумак мекунандро ҳадаф қарор бидиҳанд.
Ҷабҳаи нусрат дар гузашта бо Доъиш рақобати шадид дошт ва бар сари кунтрули қаламрав бо ин гурӯҳ даргир будааст.
Бо вуҷуди ихтилофот Абӯфарос Сурӣ, сухангӯи Ҷабҳаи нусрат кишварҳои дар эътилофи таҳти раҳбарии Омрико барои бумборони аҳдофи Доъиш ширкат кардаандро ба иқдомоти талофиҷӯёна таҳдид кард.
Аз байни кишварҳои арабӣ Қатар, Арабистони Саъудӣ, Урдун, Баҳрайн ва Иморот дар бумборон аҳдофи Доъиш дар Сурия ширкат доштаанд.
Сухангуи Ҷабҳаи нусрат гуфт, ки ин кишварҳо аз зулм ва куфр ҳимоят кардаанд.
Ӯ афзудааст: 'Ин ҷанг бо Нусрат, нест балки ҷанг бо ислом аст'. Ба гуфтаи вай ин набард солҳо тул хоҳад кашид ва пайкорҷӯён барои як муборизаи тулонӣ омодаанд.
Омрико то ба ҳол Ҷабҳаи нусратро ҳадаф қарор надодааст, аммо дар рӯзҳои гузашта гурӯҳи тундрави дигаре ба номи “Хуросон” ки тавассути аъзои куҳнакори Алқоъида ташкил шударо бумборон кардааст.
Идомаи гулӯлаборони Кубонӣ
Аз тарафи дигар вазорати дифоъи Омрико (Пентогун) ) видиюи тозатарин ҳамалоти ҳавоиаш алайҳи аҳдофи Доъиш дар наздикии шаҳри курднишини Кубонӣ, воқеъ дар шимоли Сурияро мунташир кардааст.
Бо вуҷуди ин бумборонҳо, ҳамалоти пайкорҷӯёни Доъиш ба Кубонӣ ҳамчунон идома дорад. Гузоришҳо ҳокист, ки бахшҳое аз Кубонӣ ин бор тавассути Доъиш гулӯлаборон шудааст.
Хабаргузории Руйтерз гузориш медиҳад ин нахустин бор аст, ки ин шаҳри истротежик воқеъ дар наздикии марзи Сурия ва Туркия ҳадафи гулӯлаҳои тӯпхонаӣ ё хумпораҳои пайкорҷӯён қарор мегирад.
Ромӣ Абдурраҳмон, мудири гурӯҳи Дидабони ҳуқуқи башари Сурия гуфтааст, ки 23 узви Доъиш дар ҳамалоти тозаи Омрико ва муттаҳидонаш кушта шудаанд.
Бо ин ҳол гурӯҳи Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки таҳаввулоти ҷанги дохилии Сурияро аз наздик дунбол мекунад, мегӯяд пайкорҷӯёни Доъиш муваффақ шудаанд, ки бахшҳои шарқии Кубониро гулӯлаборон ва чанд нафарро захмӣ кунанд.
Ин гурӯҳ мегӯяд, ки пайкорҷӯён дар даргириҳои панҷ рӯзи гузашта 40 нафар аз нерӯҳои курд, ки аз Кубонӣ дифоъ мекардандро куштаанд.
Ҳамалоти тозаи Омрико
Вазорати дифоъи Омрико эълом кард, ки илова бар Сурия мавозеъи пайкорҷӯён дар Ироқро ҳам ҳадаф қарор додааст.
Баёнияи Пентогун гуфт ин ҳамалот бо мушорикати Арабистони Саъудӣ, Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шуд.
Дар ин амалиёт ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳафт ҳадаф дар Сурия ва се минтақа дар Ироқро мавриди ҳамла қарор додаанд.
Ин ҳамалот дар ҳоле анҷом шуда, ки нерӯҳои курди Сурия талош мекунанд то аз шаҳри Кубонӣ дар баробари ҳуҷуми Доъиш дифоъ кунанд.
Нерӯҳои Доъиш дар ҳоли пешравӣ ба суи Кубонӣ ҳастанд ва бано бар гузоришҳо фақат ҳудуди даҳ дақиқа бо худрав то ин шаҳр фосила доранд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд аз ҳудуди як ҳафта пеш ва ҳамзамон бо пешравии Доъиш 140 ҳазор нафар аз сокинони минтақаи курднишини Кубонӣ аз маҳали зиндагиашон гурехта ва ба марзи Туркия паноҳ бурдаанд.
Бано бар гузоришҳо нерӯҳои Туркия иҷоза надода курдҳои Туркия ва Сурия, ки қасди пайвастан ба нерӯҳои дифоъии шаҳрро доранд, аз марз убур кунанд.
Ҷумъашаб женерол Мортин Демпсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико гуфт ҳамалоти ҳавоии эътилоф таҳти раҳбарии кишвараш ба шибҳинизомиёни Давлати исломӣ зарба зада, аммо ҳушдор дод, ки ҳамалоти ҳавоӣ ба танҳои қодир ба шикасти ин гурӯҳ нест.
Оғози амалиёти Бритониё дар Ироқ
Аз суи дигар вазорати дифоъи Бритониё таъйид кардааст, ки ҷангандаҳои Турнодуи ин кишвар барои аввалин бор баъд аз таъйиди порлумон, дар осмони Ироқ амалиёти размӣ анҷом додаанд.
Дар ин амалиёт ду ҷангандаи нерӯи ҳавоии Бритониё, ки бо бумбҳои ҳидояти лизарӣ муҷаҳҳаз буданд, аз пойгоҳи ҳавоии Акрутирӣ дар хоки Кипр парвоз карданд ва ҳафт соъат баъд дубора ба ин пойгоҳ бозгаштанд.
Пойгоҳи Акрутирӣ мизбони шаш ҷангандаи Турнодуи нерӯи ҳавоии Бритониё аст, ки дар шаш ҳафтаи гузашта машғули анҷоми амалиёти шиносоӣ ва таҷассус бар фарози Ироқ будаанд.
Ҳавопаймоҳои сӯхтрасон дар ин маъмурият ҷангандаҳоро ҳамроҳӣ карданд.
Ҳар се ҳизби аслии Бритониё тарафдори мушорикати ин кишвар дар амалиёти ҳавоӣ дар Ироқ ҳастанд ва рӯзи ҷумъаи 26 сентябр дар ҷаласаи раъйгирӣ дар порлумони Бритониё 524 намоянда мувофиқи ҳамлаи ҳавоии низомӣ дар Ироқ буданд ва танҳо 43 намоянда бо он мухолифат карданд.
