Мушаххас шудани ҳуввияти як пайкорҷӯи дигари тоҷик дар Сурия

  • 6 Сентябр, 2014

Вазорати кишвари Тоҷикистон хабар додааст, ки пулиси Хатлон алайҳи як сокини шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳе теруристӣ ва ширкат дар даргириҳои Сурия парванда боз кардааст.

Бино ба гузориши ин вазорат Фаррухҷон Боронов, шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз Русия озими Сурия шудааст.

Дар ин хабар мехонем ӯ “Айни замон Боронов Ф. ба муқобили низомиёни Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Сурия ҷангида, дар муҳорибаҳои ҳарбӣ иштирок карда истодааст.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар расонаҳо хабари таъин шудани як тоҷиктабор ба ҳайси амири ноҳияи Раққа дар Сурия бо фармони халифаи Давлати Исломӣ (Доъиш) интишор шуда буд.

Дертар гузориши мабнӣ бар кушта шудани як сокини дигари шаҳри Кӯлоб дар Сурия низ гузориш шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон ва соҳибназарон теъдоди атбоъи тоҷик дар набардҳои кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла дар Сурияро беш аз дувист нафар хонда, аммо манобеъи огоҳ ин оморро наздик ба 900 нафар медонанд.

Матолиби муртабит