Оғози фаъъолияти бахши тоҷикии родиюи мазҳабии “Азон” дар Русия

  • 2 Сентябр, 2014
"Азон"Image copyrightBBC World Service
Image caption Шабакаи родиюи интернетии "Азон" танҳо родиюи мазҳабӣ дар Русия аст, ки бахши тоҷикии худро фаъъол кардааст

Родиюи интернетии “Азон”, як шабакаи хабарии марбут ба муфтиёти ҷумҳурии Тотористони Русия бахшти тоҷикии худро фаъъол кардааст.

Дар ин бора Аловуддин Қосимов, масъули бахши тоҷикии ин шабака 2-юми сентябр ба Би-би-сӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, феълан дар Русия ҳудуди 1,5 милюн табаъаи тоҷик ба сар мебарад ва "ниёз пайдо шудааст, ки онҳо ба расонаи мазҳабӣ дастрасӣ дошта бошанд".

Оқои Қосимов гуфт: “Базудӣ барномаи Гӯшаи фиқхи муҳоҷират кушода мешавад. Ҳадафи ин бахш посух додан ба саволҳои муҳоҷирон аз назари дини ислом ва мазҳаби ханафӣ аст. То ҳол муҳоҷирон дар сурати зарурӣ аз фатвоҳои дигар ҷараёнҳо истифода мекарданд, вале баъд аз бозгаш бо мушкилот рӯ ба рӯ мегаштанд. Дар ин сойт муҳоҷирон метавононд матолиб ва андешаҳои худро нашр кунанд”.

Тотористон ва шаҳри Қазон пойтахти он, маркази мусалмонони Русия аст. Ҳамасола ҳазорон нафар аз атбоъи тоҷик ба ин минтақаи Русия барои пайдо кардани ҷойи кор сафар мекунанд. Ба ин далел миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва шаҳри Қазон парвозҳо роҳандозӣ шудаанд.

Аз ин пеш барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия чанд шабакаи родиюӣ ва телевизиюнӣ, аз ҷумла шабакаи “Садои муҳоҷир” роҳандозӣ шудааст. Вале барои бори нахуст аст, ки як родиюи интернетии исломӣ бахши тоҷикии худро фаъъол месозад.

Ин дар зҳолест, ки нерӯи зиёди кории тоҷик дар Русия, аз омилҳои муҳим дар суботи иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро ҳамасола муҳоҷирони кории тоҷик барои таъмини рузгори хонаводаҳои худ ба ватан беш аз 3 милёрд дуллор мунтақил мекунанд, ки муъодили ҳудуди 50 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад.

Коршиносон мегӯянд ин маболиғ мунҷар шуда, ки дар солҳои ахир дар Тоҷикистон суботи нисбии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин бошад.

Соҳибназарон бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ахиран дар бораи сафарбар шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба манотиқи ноамни ҷаҳон, аз ҷумла Сурия аз тариқи қаламрави Русия гузоришҳо пахш мешавад, мегӯянд, фаъъолияти шабакаи родиюии "Азон" метавонад дар ҳалли мушкилоти мухталифи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мусоъидат бикунад.

Матолиби муртабит