Коҳиши теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик

  • 17 Июл, 2014

Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 109 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

Ин матлабро Сумангул Тағоева, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 17-уми июл дар як нишасти матбуъотӣ дар Душанбе эълом кард.

Ба гуфтаи вай маҳдудиятҳо дар қабули атбоъи хориҷӣ дар Русия аз омилҳои аслии ин амр будааст. Ҳамзамон хонум Тағоева аз он изҳори нигаронӣ кард, ки теъдоди зиёди атбоъи тоҷик ба далоили мухталиф барои нақзи қавонини Русия мамнуъ-ул-вуруд шудаанд.

Ба ин далел ин шаҳрвандон аз ҳаққи вуруд ба Белорус ва Қазоқистон низ маҳрум шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 502 милюн дулор ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо пулҳои интиқолӣ дар давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 14 дарсад камтар аст.

Аз сӯйи дигар соҳибназарон мегӯянд, ки коҳиши теъдоди муҳоҷирони тоҷик ба афзоиши ҷароим дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар миёни наврасон мунҷар шудааст. Сойти расмии пулиси Тоҷикистон ҳамарӯза чанд хабаре аз иртикоби ҷароим дар миёни навҷавонони тоҷик мунташир мекунад.