Коҳиши 17-дарсадии интиқоли пули муҳоҷирон тавассути "Амонатбонк"
Раиси "Амонатбонк" мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони корӣ тавассути ин бонк 288 милюн дулор ба Тоҷикистон интиқол додаанд.
Аммо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки мизони пули интиқолии муҳоҷирон дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2013 ҳудуди 17 дарсад коҳиш ёфтааст.
Оқои Нурмуҳаммадзода рӯзи сешанбеи 15 июл дар нишасти матбӯъотии ин бонк гуфт, ки сабаби аслии коҳиши пули интиқолии муҳоҷирон ташдиди қонунҳои марбут ба буду боши муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия аст.
Ӯ мегӯяд, ки дар сартосари Тҷоикистон “Амонатбонк” 198 нуқтаи интиқоли пул дорад ва хадамоти ин нуқтаҳо низ дар сатҳи хубе роҳандозӣ шудааст.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 502 милюн дулор ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо пулҳои интиқолӣ дар давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 14 дарсад камтар аст.
