Имкони таъсиси бахши муҳоҷират дар кунсулгарии Тоҷикистон дар Олмотӣ

  • 2 Июл, 2014

Дар кунсулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Олмотии Қазоқистон бахши вижаи муҳоҷират боз хоҳад шуд.

Дар ин бора сойтҳои хабарии Қазоқистон бо такя ба манобеъи Вазорати шуғли аҳолӣ ва таъмини иҷтимоъии ин кишвар хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ахиран ин мавзӯъ дар дидори Сумангул Тағоева, вазири кори Тоҷикистон, бо Тамара Дуйсенова, ҳамтои қазоқи вай, матраҳ шудааст.

Хонум Тағоева гуфтааст, ки Қазоқистон дувумин кишварест, ки атбъои тоҷик барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор ба он сафар мекунанд ва ба ин далел зарурати таъсиси бахши вижаи муҳоҷират дар кунсулгарӣ ба миён омадааст.

Зимнан, пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ ба Тоҷикистон ҳудуди панҷоҳ дарсади тавлиди нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.