Шаҳри Кубонии Сурия "дар остонаи суқут" қарор гирифт
Image copyrightAFPЯке аз мақомҳои курди шаҳри Кубонӣ дар шимоли Сурия изъон карда, ки ин шаҳр дар маърази "хатари ҷиддии суқут" ба дасти шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) аст.
Идрис Нисон ба Би-би-сӣ гуфт, ки нерӯҳои Доъиш кунтрули як теппаи истротежик бар фарози шаҳрро ба даст гирифтаанд ва акнун оташбори онҳо тамоми нуқоти шаҳрро дар бар мегирад.
Шибҳнизомиёни Доъиш аз се ҳафта пеш Кубонӣ дар наздикии марзи Туркияро ба муҳосира даровардаанд ва шаҳрро бо тонк ва тӯпхона зери оташ гирифтаанд.
Хабаргузориҳои Руйтерз ва Фаронса тасовиреро мунташир кардаанд, ки нишон медиҳад парчами шибҳинизомиёни Давлати исломӣ бар фарози дастикам як сохтмон дар ҳошияи шарқии ин шаҳр ба эҳтизоз даромадааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар минтақа таъйид кардааст, ки тасовири Руйтерз марбут ба минтақае дар шарқи шаҳри Кубонӣ аст, ки дар ду се рӯзи ахир маҳалли шадидтарин даргириҳо будааст.
Ин аввалин бор аст ки гузоришҳо аз вурӯди нерӯҳои Давлати исломӣ (Доъиш) ба дохили шаҳри Кубонӣ мунташир мешавад.
Хабаргузории Фаронса аз Дидабони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Ландан нақл кардааст, ки якшанбешаб дастикам бист нафар аз шибҳинизомиёни Доъиш, ки қасди вуруд ба шарқи Кубониро доштаанд, тавассути нерӯҳои курди мудофеъи шаҳр кушта шудаанд.
Даргирӣ дар ин минтақа боъиси овора шудани беш аз сад ҳазор нафар аз сокинони шаҳри умдатан курднишини Кубонӣ ва паноҳ бурдани онҳо ба Туркия шуда аст.
Ҳарчанд, ки имрӯз душанбеи 6 октябр яке аз мақомҳои маҳаллии курд дар ин шаҳр ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт, ки ҳанӯз ҳазорон ғайринизомӣ дар шаҳр ҳастанд.
