Эъломи ҳимояти Толибони Покистон аз гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ"
Image copyrightapТолибони Покистон аз шӯришиёни ифротии суннимазҳаб дар Сурия ва Ироқ мавсум ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" (Доъиш) эъломи ҳимоят кардаанд.
Толибони Покистон дар баёнияе, ки ба гуфтаи онҳо ба муносибати Иди қурбон содир шуда, аз гурӯҳҳои мухолифи шӯришӣ хостааст, ки алайҳи "душман" яъне нерӯҳои эътилоф таҳти роҳбарии Омрико, муттаҳид шаванд.
Гурӯҳи мавсум ба 'Давлати исломӣ' қисмҳои бузурге аз Сурия ва Ироқро таҳти тасарруф дорад, аммо бо дигар гурӯҳҳои шӯришии суннии ифротӣ низ даргир будааст.
Баёнияи Толибони Покистон тавассути фарде мавсум ба мавлоно Фазлуллоҳ, раҳбари 'Таҳрики Толибони Покистон' содир шудааст.
Ӯ хитоб ба гурӯҳи 'Давлати исломӣ' гуфтааст, ки Толибони Покистон аз ғалабаи онҳо бар душманон эҳсоси ғурур мекунанд ва худро дар ҳамаи замон, чӣ хуб ва чӣ бад, дар канори 'Давлати исломӣ' медонанд.
Баёнияи Толибони Покистон ҳамчунин хитоб ба ҳамаи шӯришиён дар Сурия ва Ироқ мегӯяд "дар ин рӯзҳои сахт мо шуморо ба бурдборӣ ва ҳифзи иттиҳод даъват мекунем, ҳамон гуна ки душманони шумо алайҳи шумо мутаҳид ҳастанд. Рақобат алайҳи ҳамдигарро канор бигзоред."
Толибони Покистон худ аз соли 1997 даргири шӯриши мусаллаҳона алайҳи давлати он кишвар будаанд.
Бо ин ки то кунун шавоҳиди каме аз тавофуқи миёни 'Давлати исломӣ' ва Толибони Покистон вуҷуд дошта, дар рӯзҳои ахир баргаҳои таблиғӣ дар ҳимоят аз 'Давлати исломӣ' дар шаҳри Пешовар дар шимоли Покистон миёни мардум тавзеъ шудааст.
