Халабони зани иморотӣ дар ҳамалот алайҳи "Доъиш" ширкат кард

  • 26 Сентябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Саргурд Мансурӣ ба ҳамроҳи дигар халабонон, акси марбут ба хурдоди гузашта

Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ таъйид кардаанд, аввалин халабони зани нерӯи ҳавоии ин кишвар дар набарди ҳавоӣ алайҳи гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ ширкат кардааст.

Аксҳои тозамунташиршуда аз саргурд Марям Мансурӣ дар ҷети Эф-16 нишон медиҳад, ки ӯ амалиёти ҷангии як гурӯҳ ҳавопайморо дар рӯзи панҷшанбе ҳидоят кардааст.

Дар ҳоле ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ як кишвари бисёр муҳофизакор аст, ин амр як талоши пештозона барои иҷозаи додан ба занон ҷиҳати дастёбӣ ба шуғлҳои сатҳи болост.

Холид, писари шоҳзода Салмон, аз хонаводаи салтанатии саъудӣ низ дар ин ҳамлаи ҳавоӣ ширкат дошт.

Як мақоми иморотӣ, ки дар хусуси ширкати Мансурӣ дар амалиёти ҳавоӣ изҳори назар мекард., ба хабаргузории Фаронса гуфт: "Вақте хонуми саргурдро барои сӯхтгирӣ аз як манбаъи ҳавоӣ фаро хонданд, як афсари эътилофи Ғарб шигифтзада шуд."

Ахбори марбут ба маъмурияти ин халабони зан, шабакаҳои иҷтимоъиро ҳаяҷонзада кардааст, ба тавре ки тӯфоне твитерӣ бо шиъори "Зани рӯз" ва "Зани озодӣ" дар ситоиши вай ба роҳ афтодааст.

Мусалмонони ифротии хашмгин ӯро муттаҳам ба аъмоли "ҷинояткорона" кардаанд.

Image copyrightAFP
Image caption Саргурд Мансурӣ дар ҷети Эф-16
Image copyrightAFP
Image caption Халабон шоҳзода Холид бини Салмон дар кобини ҷет дар маҳалле номушаххас, акси марбут ба рӯзи 23 сентябр

Матолиби муртабит