"Беш аз се ҳазор шаҳрванди урупоӣ бо гурӯҳи Доъиш ҳамкорӣ мекунанд

  • 26 Сентябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Жил де Кершув нисбати афзоиши ҳамалоти талафоҷӯёна алайҳи кишварҳои урупоӣ ҳушдор дод

Жил ду Кершув, масъули умури мубориза бо терурисм дар Иттиҳодияи Урупо, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки беш аз се ҳазор шаҳрванди урупоӣ барои ҳимоят аз пайкорҷӯёни исломгарои Доъиш ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.

Ба гуфтаи оқои Кершув аз замоне ки гурӯҳи Доъиш ташкили давлати (хилофати) исломиро дар манотиқи ишғолшудаи Сурия ва Ироқ эълом кард, бар шумори шаҳрвандони урупоие, ки барои ҳимоят аз онҳо ба ин кишварҳо рафтаанд, афзуда шудааст.

Масъули умури мубориза бо терурисм дар Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳамалоти ҳавоӣ ба мавозеъъи ин гурӯҳ хатари бурузи ҳамалоти талофиҷӯёнаро дар кившарҳои урупоӣ афзоиш хоҳад дод.

Оқои Кершув гуфт: "Фикр мекунам бояд эътироф кард, ки ин иқдомоти талофиҷӯёна сурат хоҳад гирифт"

Нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико аз моҳи гузаштаи мелодӣ наздик ба 200 ҳамлаи ҳавоиро алайҳи пайкорҷӯёни гурӯҳи Доъиш дар Ироқ анҷом додаанд.

Ин нерӯҳо ҳамчунин аз рӯзи душанбеи гузашта (22 сентябр) ба аҳдофи ин гурӯҳ дар Сурия ҳамла кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Кершув, ин се ҳазор нафар ҳам касонеро шомил мешавад, ки ба ин манотиқ рафта ва ҳам афродеро, ки дар ин манотиқ кушта шудаанд, дар бар мегирад.

Гурӯҳи Доъиш дар моҳҳои ахир бахшҳои васеъе аз Сурия ва Ироқро ба тасарруфи худ даровардааст.

Бар асоси баровурдҳои Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико, шумори пайкорҷӯёни гурӯҳи Доъиш дар Ироқ ва Сурия эҳтимолан ба 31 ҳазор нафар расида, ки ин мизон се баробар беш аз теъдоде аст, ки қаблан гуфта шуда буд.

Оқои Кершув ҳамчунин дар мавриди амалкарди гурӯҳҳое дигар ҳамонанди Алқоъида, ки бо Доъиш дар арқобат ҳастанд, ҳушдор дод ва гуфт, ки эҳтимолан Алқроъида барои ҳифзи мавҷудияти худ ҳамалотеро дар Урупо оғоз хоҳад кард.

Раъйгирӣ барои ҳузури Бритониё

Image copyrightafp
Image caption Пайкорҷӯёни Доъиш бахшҳои васеъе аз Ирқо ва Сурияро тасарруф кардаанд.

Омрико мегӯяд ба беш аз 40 кишвар пешниҳод дода, ки дар эътилофи муқобила бо гурӯҳи Доъиш ширкат кунанд.

Дар ҳамин робита қарор аст имрӯз порлумони Бритониё дар бораи ҳимояти ин кишвар аз ҳамла алайҳи пайкорҷӯёни исломгаро дар Ироқ ва дар Сурия тасмимгирӣ кунад.

Пас аз он ки вазири хориҷаи Ироқ дар номае аз Созмони Милали Муттаҳид дархости кумак кард, дафтари Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, эълом кард, ки нерӯҳои бритониёӣ бояд ба сурати қонунӣ дар ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи аҳдофи вобаста ба гурӯҳи Доъиш дар Ироқ ширкат кунанд.

Тунӣ Эбут, нахуствазири Устролиё, ҳам гуфтааст, ки давлаташ зарфи рӯзҳои оянда дар бораи пайвастани нерӯҳои кишвараш ба ҳамалоти ҳавоӣ дар Ироқ ва Сурия тасмимгирӣ мекунад.

Матолиби муртабит