"Ҷиҳодгарони бритониёӣ бо гаравгонҳои Доъиш мубодила шуда буданд"

  • 6 Октябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Нахуствазири Туркия ҳамроҳ бо гаравгонҳои озодшуда

Мақомоти давлатии Бритониё ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки гузоришҳо дар хусуси ин ки теъдоде аз шаҳрвандони исломгарои бритониёӣ дар табодули зиндониён бо гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) мубодила шудаанд, қобили қабул ба назар мерасад.

Пештар рӯзномаи Тоймз, чопи Бритониё, иддаъо карда буд, ки Шаҳбоз Сулаймони 18 сола ва Ҳашом Фулкорди 25 сола дар байни 180 нафар исломгарое будаанд, ки бо 49 гаравгони Туркия, ки дар дасти Доъиш асир буданд, мубодила шудаанд.

Мақомоти давлатӣ таъйид кардаанд, ки оқои Сулаймон дар Туркия нопадид шуда буд.

Гаравгонҳои Туркия

49 гаравгони Туркия ҳудуди се моҳ қабл дар кунсулгарии ин кишвар дар шаҳри Мусил дар шимоли Ироқ ба асорати Доъиш афтоданд.

Дар авохири моҳи сентябри имсол давлати Туркия эълом кард, ки ин гаравгонҳо озод шуда ва вориди Онкоро, пойтахт шудаанд.

Аҳмад Довудуғлу, нахуствазири Туркия гуфт Ожонси амниятии Туркия ин гаравгонҳо, шомили чанд диплумот, аъзои хонаводаи онҳо ва чанд сарбозро пас аз озодӣ ба саломат ба шаҳри Шонла Урфо дар Ҷануби Туркия мунтақил ва сипас ба пойтахт интиқол дод.

Image copyrightEPA
Image caption Аҳмад Довудуғлу, ки ба тозагӣ нахуствазири Туркия шуда, озодии гаравгонҳоро хабаре хушҳолкунанда хонд

Нерӯҳои Доъиш ин афродро дар моҳи июн, пас аз ҳамла ба кунсулгарии Туркия дар шаҳри Мусили Ироқ гаравгон гирифтанд.

Дар моҳи июл низ 32 ронандаи комиюни аҳли Туркия, ки дар як ҳамлаи ҷудогона тавассути Доъиш гаравгон гирифта шуда буданд, баъд аз се ҳафта озод шуданд.

Омрико тайи як моҳи ахир бо беш аз 170 ҳамлаи ҳавоӣ ба мавозеъи ин гурӯҳ, ба кумаки нерӯҳои заминии давлати Ироқ ва курдҳо шитофтааст.

Ҳамчунин ба дунболи наздик шудани ситезаҷӯёни Доъиш ба шаҳри курднишини Кубонӣ дар шимоли Сурия ва бисёр наздик ба марз бо Туркия ин кишвар низ, ки дар ибтидо дар эътилофи кишварҳои муқобалакунанда бо Доъиш набуд ба суфуфи ин эътилоф пайваст.

Матолиби муртабит